18 сол зиндон барои сокини ҷазбшуда ба ДИИШ дар Душанбе

Ба нақл аз Дафтари матбуотии додситонии куллии Тоҷикистон вай тавассути як зани тоҷик ба номи Саломатхон Истобоёва бо истифода аз паёмрасонҳои Имо ва Телеграм таҳти таблиғоти гуруҳи террористии ДИИШ қарор гирифта ва бо ин гуруҳ байъат кардааст.

Гуфта мешавад Анъомҷон Раҷабалиев аз соли 2018 тавассути ин паёмрасонҳо бо хонум Саломатхон Истобоёва иртибот дошта ва теъдоде аз бастагонашро низ барои пайвастан ба гуруҳи террористии ДИИШ фаро хондааст. Вай дар ниҳоят вақте, ки барои рафтан ба Сурия ё Афғонистон ва пайвастан ба гуруҳи ДИИШ тасмим гирифта дар моҳи январи соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Анъомҷон Раҷабалиев ҳамчунин бо теъдоде аз мубалиғони гуруҳи ДИИШ, ки бо номҳои мухталиф фаолият мекарданд аз тариқи интернет ошно шудааст ва таҳти таъсири таблиғоти онон иқдомоти такфирии ДИИШ дар қаламрави Сурия, Ироқ ва Афғонистонро дурус мешуморад.

Ҳамчунин вай бо барномаҳои вижае тамоми наворҳои видеоӣ аз амалкарди ин гуруҳро дарёфт ва ба теъдоде аз бастагонаш ирсол кардааст. Анъомҷон Раҷабалиев аз онон даъват кардааст, ки бо пайвастан ба гуруҳи ДИИШ худро барои ҷиҳод дар Афғонистон омода кунанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе Анъомҷон Раҷабалиевро ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва таблиғи афкори гуруҳи террористии ДИИШ ба 18 сол зиндон низомаш сахт маҳкум кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад