Баргузории маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Тоҷикистон

Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт; бузургдошти рӯзи ҷаҳонии Қудс имсол дар ҳоле аст,ки дар як соли ахир фишорҳо алайҳи мардуми мазлуми Фаластин ташдид шудааст.

Дар ин маросим,пас аз тиловати оёте чан аз Каломуллоҳи Маҷид ва навохтани суруди миллиӣ Ҷумҳурии исломии Эрон, Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири  Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо хушомадгӯӣ ба ҳозирон таи суханоне гуфт; бузургдошти рӯзи ҷаҳонии Қудс имсол дар ҳоле аст,ки дар як соли ахир фишорҳо алайҳи мардуми мазлуми Фаластин ташдид шудааст.Вай изҳор дошт; давлати Амрико дар паи шиносоии Қудси шариф ба унвони пойтахти режими Саҳюнистӣ ва интиқоли сафорати худ ба ин шаҳр ва дар идомаи иқдомоти якҷонибаи худ; аз як сӯ ҳокимияти ғайриқонунии ин режимро бар иртифоъоти Сурии Ҷувлон ба расмият шинохт ва аз сӯи дигар дар садади нақзи комили ҳуқуқи мардуми Фаластин дар чорчуби тарҳи ба истилоҳ Муъомилаи қарн мебошад.

Собирӣ афзуд; барчида шудани шаҳракҳои саҳюнистнишин дар соҳили ғарбии рӯди Урдун, набуди ҳокимияти Фаластин дар ин минтақа ва нодида гирифтани комили ҳаққӣ бозгашти оворагони фаластинӣ аз ҷумла ишколоти тарҳи Муъомилаи қарн аст. Тарҳе,ки табаъоти он фаротар аз масалаи Фаластин ва таҳдиде барои амният ва суботи минтақа хоҳад буд. Ба гуфтаи сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ин қабил тарҳҳо ва иқдомҳои ноодилонаи Амрико бо афзоиши таниш,бесуботӣ ва хушунат дар минтақа ба таҳрики эҳсосоти ҳамаи мардуми ҳақққталаби ҷаҳон ба вижа миллатҳои мусалмон доман зада ва мезанад.

Собирӣ хотирнишонсохт; бо вуҷуди тамоми иқдомҳои тавтиаомези режими Саҳюнистӣ, мардуми мазлуми Фаластин барои эҳқоқи ҳаққи худ чорае ҷуз истодагӣ надошта ва нахоҳанд дошт. Дар як соли ахир беш аз 200 нафар фаластинӣ дар ҷараёни эътирозҳои мусолиматомези худ тавассути низомиёни режими ишғолгари Саҳюнистӣ ба шаҳодат расида ва садҳо нафари дигар ҳам маҷрӯҳ шудаанд.

Умқ ва шиддати саркубгарии ин режим, ба ҳадде аст,ки Созмони Милалли Муттаҳид дар гузориши таҳқиқоти худ, иқдомҳои Исроилро нақзи қонунҳои байналмиллалӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият номидааст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон зимни табйини рӯйкарди Ҷумҳурии исломӣ дар хусуси қазияи Фаластин, гуфт; Ҷумҳурии исломии Эрон зимни таъкид бар меҳварӣ будани масалаи Фаластин дар ҷаҳон, муътақид аст барқарории сулҳи одилона ва оромиши пойдор дар минтақа; ҷуз аз тариқи ҳалуфасли масоили асосии Фаластин аз ҷумла поёни ишғоли созмонёфтаи ин кишвар, бозгашти ҳамаи оворагон ва баргузории ҳамапурсӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ бо ширкати ҳамаи сокинони аслӣ ва ташкили давлати мустақили Фаластинӣ ба пойтахти Қудси шариф муҳақақ нахоҳад шуд. Вай барои ҳамаи мусалмонони ҷаҳон орзуи ваҳдат ва муваффақият кард ва пешо пеш фаро расидани иди саиди Фитрро ба ҳамаи мусалмонон ба вижа мардуми бародар, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон табрик гуфт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад