Ҳимояти мардуми инқилобии Яман аз Фаластин

Абдулмалик Бадруддин Ҳавсӣ, раҳбари инқилоби Яман дар як сӯҳбати телевизионӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс миллати Яманро ба ҳузури густарда ва бошукӯҳ дар роҳпаймоиҳои ин рӯз даъват кард.

Ҳавсӣ гуфт: “Миллати Яман барои ҳузур дар роҳпаймоиҳои Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар саросари ҷаҳони араб, парчамдор ва пешқадам хоҳанд буд.”

Ҳвасӣ гуфт: “Мо аз миллати бузургавори худ мехоҳем дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс барои эъломи пойбандии худ ба дифоъ аз ҳақиқат берун биёянд. Шумо миллати Яман ба хосту иродаи илоҳӣ дар байни ҳамаи кишварҳои арабӣ ҷилавдори ҳузур дар роҳпаймоӣ хоҳед буд ва шиори марг бар Исроил сар дода ва зимни мухолифат бо муомилаи қарни Трамп ба ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин таъкид мекунед.”

Вай афзуд: “Мавозеи миллати Яман ҷуз душманӣ бо Амрико ва Исроил ва ҳимоят аз масъалаи Фаластин нест ва агар касоне ҳастанд, ки миллиардҳо барои Исроил ҳазина мекунанд яманиҳо дар гирифтани мавозеъ мустақил ва озод ва ҷонфишонӣ дар роҳи дифоъ аз масъалаи Фаластин пешгом ҳастанд.”

Раҳбари инқилоби Яман тасреҳ кард: “Рӯзи ҷаҳонии Қудс аз аҳамияти бузурге дар таҳким ва тасбити масъалаи Фаластин дар виҷдон ва ҳофизаи уммати исломӣ бархурдор аст ва фурсате барои пайгирӣ ва баррасии ин масъала аст, ки нуқтаи иштироки ҳамаи мусулмонон маҳсуб мешавад.”

Ҳавсӣ гуфт: “Агар муқовамати Фаластин ва Лубнон набуд воқеияти минтақа бисёр фарқ мекард ва нуфузи душмани исроилӣ ҷиддитар ва хатарноктар аз имрӯз буд. Муқовамат нақши муҳиме дар дифоъ аз ҳамаи уммат ва кам кардан аз таҳдиди душмани исроилӣ доштааст.”

Раҳбари инқилоби Яман дар бораи конфронсҳои Макка ҳам гуфт: “Душманон бо сӯиистифода аз қидосати Маккаи Мукаррама дар назди мусулмонон ба думболи мунҳариф кардани онҳо аз душманӣ бо режими саҳюнистӣ ва фароҳам кардани муқаддамоти оддисозии равобит бо душмани исроилӣ ҳастанд.”

Вай таъкид кард: “Муомилаи қарни Трамп ба нақшофаринии тарафҳо дар дохили уммати исломӣ такя дорад ва конфронси Баҳрайн яке аз иқдомоти режимҳои дар дохили уммати исломӣ ва дар раъси он режими Оли Сауд дар ҷиҳати таъмини манофеи душмани исроилӣ аст.”

Ҳавсӣ ба аҳамияти муқобила бо касоне, ки уммати исломиро аз хусумат бо душмани саҳюнистӣ мунҳариф кардаанд таъкид кард ва гуфт: “Душман ҳамаҷониба барои таҷзияи уммати исломӣ талош мекунад ба гунае, ки аз дохил ба он зарба бизанад.”

#FREEPALESTINE #نحو_القدس
#لا_لصفقة_القرن
#یوم_القدس_العالمی
#FreePalestine
#روزقدس
#FreePalestine
#Tajikistan

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад