Фаластин дар нигоҳи раҳбари Ҷ.И.Э

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс, бахше аз сӯҳбатҳои ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбтаи аҳамияти Фаластин ва Рӯзи Қудс тақдими мухотабони “Хабаргузории Рисолат” мешавад.

“Рӯзи ҷаҳонии Қудс рӯзи эъломи мухолифати уммати исломӣ бо зулму беадолатии саҳюнистҳо ва ҳимоятгаронашон аст.

“Дар масъалаи Фаластин ончи, ки ҳадаф аст, наҷоти Фаластин аст; яъне маҳви давлати Исроил.”

“Интифозаи Масҷидулақсо яке аз нишонаҳои илоҳӣ аст ва ҷинояткорони рӯсиёҳро ба шиддат муҷозот хоҳад кард.”

“Танҳо роҳи ҳалли Фаластин; бозгашти фаластиниҳо ба сарзаминҳои худ ва ихроҷи саҳюнистҳои ғосиб аз онҷо мебошад.”

“Мо имон дорем, ки ислом саранҷом Фаластинро наҷот дода ва Қудси азизро аз дасти мутаҷовизон боз пас хоҳад гирифт.”

“Дар Рӯзи Қудс миллати мо ба ёди оянда меафтад ва дар худ ҳиммат захира мекунад ва ба ҳаракат меояд ва роҳро ба сӯи оянда боз мекунад.”

“Давлати ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон ҳамвора мудофеъ ва ҳимоятгари фаластиниҳо хоҳад буд.”

“Муқовамат танҳо роҳи озодсозии Фаластин аст.”

“Парчами мубориза дар дасти ҷавонони фаластинӣ аст.”

“Фаластин қатъан рӯзеро хоҳад дид, ки режими саҳюнистӣ дигар вуҷуд надорад.”

“Маҳви Исроил аз минтақа, мавзӯи ҳамешагии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.”

“Ҳамаи кишварҳои исломӣ бояд даст дар дасти якдигар дар муқобили саҳюнисми ғосиб ва мутаҷовиз биистанд.”

“Дифоъ аз миллати мазлуми Фаластин ва қиёми шуҷоъона ва мазлумонаи онон вазифаи исломии ҳамаи мо аст.”

“Фаластин, масъалаи аввали ҷаҳони Ислом аст.”

“Танҳо роҳи ҳалли масъалаи Фаластин, муқовамат ва мубориза аст.”

“Пирӯзии миллати Фаластин дар бозгардондани ҳаққи худ, душвортар нест аз пирӯзие, ки миллати Эрон дар эҷоди ҷумҳурии исломӣ дар Эрон дошт.”

“Дар роҳи озодии Фаластин ва Қудси шариф истиқомат лозим аст, истодагӣ лозим аст, идома додани роҳ лозим аст.”

“Имрӯз Амрико ва ғарб дар масъалаи Фаластин ва дар бисёре аз масоили дигар сареҳан дурӯғ мегӯянд.”

“Масъалаи Ғазза масъалаи як тиккаи сарзамин нест; масъалаи Фаластин фақат масъалаи ҷуғрофия нест; масъалаи башарият аст; масъала инсоният аст.”

“Дар ҷумҳурии исломии масъалаи Фаластин барои мо як масъалаи тактикӣ нест, як стратегияи сиёсӣ ҳам нест, масъалаи ақида аст, масъалаи дил аст, масъалаи имон аст.”

“Масъалаи Ғазза ва масъалаи Фаластин, масъалаи мо аст, исломи мо аст; масъалаи ҳамаи мусулмонон ва вазифаи мо аст.”

“Шумо имсол хоҳед дид, ки ба фазли илоҳӣ ва бо тавфиқи Парвардгор, Рӯзи Қудс ҳар сол, пуршӯртар ва кӯбандатар дар ҳамаи дунёи ислом баргузор хоҳад шуд.”

“Ҳамаи дунёи Ислом аз рӯз қудсе, ки имоми бузургавор (Имом Хумайнӣ, асосгузори инқилоби исломии Эрон) дар ҷумъаи охири моҳи Рамазони ҳар сол таъйин карданд, истиқбол мекунанд.”

“Фаластин, Фаластин аз баҳр то наҳр аст на ҳатто як ваҷаб ҳам камтар.”

#FREEPALESTINE #نحو_القدس
#لا_لصفقة_القرن
#یوم_القدس_العالمی
#FreePalestine
#روزقدس
#FreePalestine
#Tajikistan

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад