Даргузашти Парвиз Мушарраф – раисҷумҳури пешини Покистон

Хабари даргузашти Парвиз Мушарафро хабаргузории “Шафақно”-и Афғонистон эълом карда ва ҳанӯз манобеи покистонӣ дар бораи даргузашти Мушарраф ва ё таъйиди он гузорише мунташир накардаанд.

Парвиз Мушарраф (зодаи 11-августи 1943) дувоздаҳумин раисҷумҳури Покистон буд.

Вай ҳамчунин раиси Ситоди артиши Покистон ва низ чаҳорумин генерали покистонӣ буд, ки дар пайи кудато ба муддати 9 сол бар ин кишвар ҳукумат кард.

Мушарраф дар торихи 12 –уми октябри соли 1999 бо барканор кардани Муҳаммаднавози Шариф, нахуствазири вақт ба қудрат расид ва ба ин васила олитарин мақоми иҷроии кишварро тасоҳуб намуд.

Мушарраф пас аз ин кудато ва дар пайи анҷоми як ҳамапурсӣ, ки дар таърихи 20 –уми июни 2001 баргузор шуд, худро раисҷмҳури Покистон эълом кард.

Парвиз Мушарраф саранҷом дар пайи таҳдиди ҷиноҳҳои мухолиф дар парлумони Покистон, дар хусуси истезоҳ ва барканории вай аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ, дар 18 августи соли 2008 истеъфои худро аз пости раёсатҷумҳурӣ дар як нутқи телевизионӣ эълом кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад