16 захмӣ дар 59-умин Ҷумъаи хунини роҳпаймоии “Муқовимат ва ҳаққи бозгашт”

Вазорати беҳдошт дар Ғазза эълом кард, ки 16 фаластинӣ дар панҷоҳу нӯҳумин ҷумъаи «роҳпаймоии бозгашт» дар ҳамлаи неруҳои режими саҳюнистӣ захмӣ шудаанд.

Бар асоси гузоришҳо рӯзи ҷумъа ба рағми дамои болои ҳаво дар борикаи Ғазза ҳазорон нафар барои ширкат дар панҷоҳу нӯҳумин «роҳпаймоии бозгашт» худро ба чодароҳи панҷгонаи барпошуда дар марзҳои Ғазза расонданд.

Илова бар ҳузури шаҳрвандони фаластинӣ, ҷамъе аз раҳбароин гурӯҳҳои фаластинӣ ҳам дар ин роҳпаймоӣ ҳузур доштанд.

Фаластиниҳои сокини борикаи Ғазза аз рӯзи ҷумъа 30 марти 1918 баробар бо чиҳилу дувумин солгарди Рӯзи замин, роҳпаймоии солона ва мусоламатомези худ маъруф ба «роҳпаймоии бозгашт»-ро оғоз карданд. Онҳо дар ин роҳпаймоии мардумӣ талош доранд бар қатъномаи 194-уми Шӯрои амнияти Созмони Милал таъкид кунанд; қатъномае, ки дар банди 11-уми он ба ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзаминшон ишора мешавад.

Аз оғози роҳпаймоиҳои бозгашт то ҳол беш аз 300 фаластинӣ ба зарби гулӯлаи неруҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ ба шаҳодат расида ва ҳазорон нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад