Ҳушдори Яман нисбати тавтеаи ҷадиди Саудӣ

Муҳаммад Алӣ Ҳавсӣ, раиси Кумитаи олии инқилоби Яман дар вокуниш ба даъвати Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи Саудӣ барои баргузории ду иҷлоси изтирории сарони Шӯрои ҳамкорӣ ва сарони араб дар охири ҳамин моҳ гуфт: “Ба ҳамаи озодагон дар ин моҳи муборак мегӯям, ки метавонанд бо рехта шудани хуни миллати Яман мухолифат кунанд.”

Вай илова кард: “Онҳо метавонанд ин корро бо мухолифат ва радди иҷлосе, ки ба думболи мутаваққиф кардани таҷовузгарӣ алайҳи Яман нест ва танҳо аз ҷангҳо ва вайронӣ ҳимоят мекунад, анҷом диҳанд.”

Вай бо баёни инки, ин даъват авҷи тавтеаи Арабистони Саудӣ аст, афзуд, ки инҳо нишастҳое аст, ки алайҳи масоили уммати исломӣ тавтеа мекунад ва масъалаи Фаластинро мефурӯшад ё ба думболи ривоҷдеҳии тарҳи созиши амрикоии “муомилаи қарн” аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад