Тамдиди таҳримҳои Сурия

Иттиҳоди Аврупо дар идомаи ҳамнавоии худ бо мавозеи Амрико дар фишор ба давлати Башор Асад, асри рӯзи гузашта (ҷумъа) таҳримҳои худ алайҳи Сурияро як соли дигар тамдид кард.

Бар асоси гузориши хабаргузори Associated Press, Иттиҳоди Аврупо ҷумъа эълом кард, ки 28 кишвари узви ин иттиҳод тасмим гирифтанд, ки таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи давлати Сурияро барои як соли дигар тамдид кунанд.

Дар баёнияи Иттиҳоди Аврупо дар бораи тамдиди ин таҳримҳо иддао шуда, ки давлати Сурия ба “саркӯби мардуми Сурия идома додааст”.

Бино бар гузориши ин хабаргузорӣ, Иттиҳоди Аврупо 270 шахси ҳақиқӣ ва 70 ширкату созмони Сурияро таҳрим карда ва бо тасмими ин Иттиҳоди Аврупо, ин таҳримҳо то аввали июни 2020 тамдид шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад