Сохти неругоҳи ҳастаӣ меҳвари ройзании мақомоти аршади Узбекистон ва Русия

“Александр Лихачев” мудири кулли ширкати давлатии “Рус атом” бо “Шавкат Мирзиёев” раисҷумҳури Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Мирзиёев дар ин дидор аз густариши ҳамкориҳои судманди Узбакистон ва Русия дар заминаи энергии ҳастаӣ ибрози хушнуди кард.

Дар ин дидор густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил барои таъмини таҷҳизот ва иттихози тадобири лозим ҷиҳати сохти неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон бар асоси “Нақшаи роҳ” тасвиб шуда барраси шуд.

Дар чорчуби иҷрои тавофуқоти сохти нахустин неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон, байни ду кишвар дар мавриди истифода аз фановариҳо ва дониши пешрафтаи ҳамкориҳои мутақобил анҷом мешавад.

Дар ҳамин росто дар Узбекистон ожонси “Узатом” эҷод ва фаъолияти худро оғоз кардааст. Ҳамчунин тарҳи тавсеаи энергии ҳастаӣ дар Узбекистон ба муддати 10 сол ба тасвиб расидааст.

Марҳалаи аввали мутолиоти муҳандисӣ барои интихоби маҳалли неругоҳи ҳастаӣ ба поён расида ва дар ҳоли ҳозир таъсири ин тарҳ бар муҳити зист баррасӣ ва асноди фаннӣ тибқи муқаррароти байналмиллалӣ тадвин мешавад.

Бо ҳадафи огоҳии мардум дар мавриди тавсеаи энергии атомӣ ва фановариҳои ҳастаӣ дар маҳалли сохтумони ожонси “Узатом” маркази иттилоърасонӣ роҳандози шудааст.

“Александр Лихачев” мудири кулли ширкати давлатии “Рус атом” низ дар ин дидор бар пойбанди ба иҷрои ба мавқеъ ва комили тавофуқоти ба дастомада дар заминаи баҳрабардорӣ аз энергии ҳастаии сулҳ омез таъкид кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад