Моҳи Рамазон аз дидгоҳи Ислом ва мо

Чӣ басо шабнишиниҳо пас аз ифтор барпо мешавад ва бо таҳаммули масрафҳои зиёд ба пурхӯрӣ, ғайбат, лаҳву шӯхиҳи ботил ва гуфтугӯҳои бесамар машғул шуда аз файзу баракати ин моҳ маҳрум мешавем ва чун аз рӯҳи ҳамкорӣ ва ҳамдардии исломӣ, иртиботи маънавӣ ва пайванди қалбиву имонӣ нишонае нест, он диду боздидҳо сабаби кинаву душманӣ шуда бадгумониҳо эҷод мегардад.