Дидори вазири кишоварзии Русия бо раисҷумҳури Тоҷикистон

“Дмитрий Патрушев” вазири кишоварзии Русия дар сафар ба Тоҷикистон бо “Эмомалӣ Раҳмон” раисҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Бино бар гузориши пойгоҳи иттилооти риёсатҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни ин дидор тарафайн масоили марбут ба тавсеаи равобити ду кишвар аз ҷумла дар ҳавзаи кишоварзиро мавриди барраси қарор доданд.

Раҳмон дар дидор гуфт: мо ба тавсеаи мушорикати стратегӣ бо Русия дар тамоми арсаҳо ба вежа дар ҳавзаи кишоварзӣ аҳамияти фавқулъода медиҳем ва ба тавсеаи бештари равобити мутақобили судманд умед дорем.

Тарафайн масоили марбут ба ҳамкорӣ дар заминаи боғбонӣ, сабзиҷот, афзоиши воридот ва содирот зарфият, содироти сабзиҷот, мева ва соири маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русияро барраси карданд.

Таъкид шуд, ки дар ҳоли ҳозир зарфияти Тоҷикистон дар заминаи содироти мева, ангур, сабзиҷот ва асал беш аз 2 миллион тон дар сол аст ва тамоми имконот барои афзоиши ин шохис вуҷуд дорад.

Тарафайн ҳамчунин масоили марбут ба эҷоди ширкатҳои муштарак, сохти анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкори дар ҳавзаи донапарварӣ, парвариши мурғ ва ғайраро мавриди баҳс ва табодули назар қарор доданд.

Вазири кишоварзии Русия дар чорчуби ин сафар аз устони Хатлон боздид ва бо устондори ин минтақа ҷануби Тоҷикистон гуфтуугӯ хоҳад кард.

Тарафайн дар ин дидор масоили марбут ба тавсеаи ҳамкори дар ҳавзаи кишоварзӣ ба вежа масъалаи таҳвил ва коркирди маҳсулоти кишоварзиро мавриди барраси қарор хоҳанд дод.

Патрушев тайи ин сафар ҳамчунин аз гарм хона, боғҳои мева, мазореи кишти сабзиҷоти навоҳӣ “Кӯшониён”, Ҷалолуддини Балхӣ”, “Дӯстӣ” ва “Ҷайҳун” устони Хатлон боздид хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад