Ихвонул-Муслимин: “Метавонем мардумро зидди “Муомилаи Қарн”-и Амрико басиҷ кунем”

Ба гузориши Тоҷик Пресс, ҳизби “Ихвонул-Муслимин”-и Миср бо интишори баёниае ба талошҳои Амрико барои террористӣ хондани худ ва тарҳи сулҳи иддаоии амрикоиҳо ба номи “Муомилаи Қарн” вокуниш нишон дод.

Ин ҷунбиш гуфт, ки ин талошҳо ва террористӣ хондани Ихвон, аз сӯи кишварҳои Миср, Аморот ва Арабистони Саудӣ мавриди ҳимоят қарор гирифтааст.

Мақомҳои Амрико ба рӯзномаи “New York Times” гуфтанд, ки баъд аз сафари “Абдулфаттоҳ Алсисӣ”, раисиҷумҳури Миср ба Вашингтон, таҳаррукоте барои гунҷондани номи Ихвон дар листи сиёҳи терроризм оғоз шудааст.

“Ихвонул-Муслимин” эълом кард, ки аз чанд рӯзи гузашта, ин таҳаррукоти Амрикоро бо диққат баррасӣ карда ва қабл аз онки мавзеъи худро дар ин мавзӯъ расонаӣ кунад, бо тарафҳое дар шарқ ва ғарб тамосҳое барқарор кардааст.

Ин ҷунбиши мисрӣ таъкид кард, ки “Ихвонул-Муслимин” як ҷунбиши холиси исломӣ аст ва ба дунболи озодӣ ва адолат барои миллатҳои ситамдидааст, ки ҳуқуқи онҳо нақз шуда ва ирода аз онҳо салб шудааст.

“Ихвонул-Муслимин” дар ин баёния бори дигар таъкид кард, ки таҳаққуқи озодӣ, адолат ва эҷоди ҳукумати одилона бидуни “инқилоби густурда”, ки марокизи қудрат ва тасаллути ҳукумати низомӣ-сармоядорӣ бар мардумро аз байн бибарад, муяссар намешавад.

Дар ин баёния омадааст: “Масири инқилобии мо, ки аз кудатои 2013 эълом кардем, ҳамон гузинаи роҳбурдии мо барои дифоъ аз давлати маданӣ, бозгардондани озодии мардуми Миср, таҳаққуқи адолат байни оҳоди ин мардум ва дур нигоҳ доштани муассисоти низомӣ аз фароянди сиёсӣ ва поён додан ба сайтараи ин муассисот бар иқтисоди кишвар аст”.

“Ихвонул-Муслимин” гуфт, ки ҳимоят аз диктатори низомӣ дар баробари инқилоб ва инқилобиҳо дар Миср “шартбандие шикастхӯрда” аст ва ҳама бояд бидонанд, ки ҳофизаи инқилоби Миср ҳаргиз дӯстон ва душманони худро фаромӯш нахоҳад кард.

Ин ҷунбиши мисрӣ аз вуҷуди даргирӣ байни миллатҳои хоҳони адолат ва озодӣ ва байни низомҳои ғарбӣ аз ҷумла низоми Амрико хабар дод ва гуфт, ки низоми Амрико аз сиёсатҳои касифе барои ҳифзи нақшаҳои худ истифода мекунад.

Ихвонул-Муслимин дар мавриди ин сиёсатҳои Амрико гуфт: “Сиёсатҳои низоми Амрико бар се поя ва меҳвар шакл мегирад, нахуст эҷоди режимҳои саркӯбгар дар минтақаи Ховари Миёна аст, ки ба дунболи ба таътилӣ кашондани давлатҳо ва бурдани онҳо ба таҳти тасаллути сиёсати Амрико аст. Дувум сайтара бар манотиқи тавлиди энержӣ дар ҷаҳон ва севум ҳам ҳимоят аз режими саҳюнистӣ аст”.

 

Муомилаи Қарн ва ҳамдстии Алсисӣ бо Амрико

“Ихвонул-Муслимин”-и Миср дар баёния худ аз вуҷуди манофеъи муштарак байни низоми Амрико ва сайтараи кудато бар Миср дар марҳалаи кунунӣ ҷиҳати таҳмили Муомилаи Қарн дар оянда хабар дод ва гуфт, ки талошҳои Амирико барои террористӣ хондани “Ихвонул-Муслимин” низ дар ҳамин росто сурат мегирад.

Ин ҷунбиши мисрӣ таъкид кард, ки ба рағми кудатои низомӣ алайҳи инқилоби Миср, “Ихвонул-Муслимин” ҳамчунон ин тавоноиро дорад, ки тӯдаҳои мардумро бар зидди Муомилаи Қарн басиҷ кунад ва ин масъалае аст, ки Кохи Сафедро нигарон карда ва ин муомиларо таҳдид мекунад.

Ихвонул-Муслимин бори дигар бар мавзеъи собити худ дар радди Муомилаи Қарн таъкид кард ва гуфт: “Масъалаи Фаластин, масъалаи аслии уммати мусулмон аст ва ин муомила дар баробари иродаи ин уммат шикаст хоҳад хӯрд”.

Тарҳи “Муомилаи Қарн”, ки Амрико барои поён додан ба мунозиъаи байни Фаластинён ва саҳюнистҳо матраҳ карда, ба дунболи ҳазфи ҳамешагии бозгашти оворагони фаластинӣ (мутобиқи омор шаш миллион) ба сарзамини худ ва искони онҳо дар “ватани ҷойгузин” яъне кишварҳои дигар аст. Ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ дар давлати Амрико ва интиқоли сафорати ин кишвар аз Телавив ба шаҳри Қудс дар ин росто анҷом шудааст ва қарор нест кишваре ба номи Фаластин ба пойтахтии Қудс ба расмият шинохта шавад.

Давлати Амрико беш аз як сол аст, ки эълом ин тарҳро ба далелҳое ба таъвиқ андохта ва мақомҳои амрикоӣ борҳо талвеҳан таъхир дар эъломи ин тарҳро ба пирӯзии Нетаняҳу дар интихоботи парлумонии марбут донистаанд. Ҳизби Ликод ба раҳбарии Нетаняҳу дар интихоботи парлумонии ахир муваффақ шуд бо эътилоф бо дигар ҳизбҳо, нисф ба иловаи яки курсӣҳои парлумони режими саҳюнистиро аз они худ кунад. Кушнер, домоди яҳудии Трамп чаҳоршанбе гуфт, ки ин тарҳ баъд аз моҳи мубораки рамазон расман эълом хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад