Нишасти мақомоти амниятии узви СҲШ дар Бишкек

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар ин ҷаласа мақомоте аз Тоҷикистон, Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Узбакистон, Қирғизистон ва дабири кулли Созмони Шанхай ҳузур доранд.

Аз Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ватанзода, раиси Шӯрои амнияти ин кишвар дар ин иҷлос ширкат кардааст.

Қарор аст дар натиҷаи музокироти руасои шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Шанхай асноди ҳамкорӣ ва баёнияҳои муштараке имзо шавад.

Имсол Қирғизистон раиси Созмони ҳамкории Шанхай аст ва нишастҳои сарон, вузарои умури хориҷа ва ғайра дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

Созмони ҳамкории Шанхай – як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар 15 –уми июни соли 2001 дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон,Тоҷикистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон таъсис шудааст, ки дар соли 2017 Ҳиндустон ва Покистон узви доими Созмони ҳамкории Шанхай шуданд.

Акнун Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад