Вокунишҳо ба “амалиёти харобкорона”

Абдуллатиф Зиёнӣ, дабири кулли Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар баёнияи худ эълом кард, ки ин шӯро, “амалиёти харобкорона” дар обҳои минтақаии Аморот, ки теъдоде нефткаши ғӯлпайкар ҳадаф қарор гирифтанд, маҳкум мекунад.

Зиёнӣ гуфт: “Чунин иқдомоти ғайримасъулона метавонад ба таниш ва даргириҳо дар минтақа доман бизанад ва манофеи миллатҳоро дар маърази хатари бузург қарор диҳад.”

Пеш аз ин низ, Фолиҳ Фаёз бо изъон ба инки рӯзи якшанбе баробар бо 12 майи 2019 ду нефткаши Саудӣ низ ҳадафи “амалиёти харобкорона” дар бандари Фуҷайра қарор гирифтанд, изҳор дошт, ки ин ҳамла таҳдиде алайҳ озодии дарёнавардӣ ва амнияти интиқоли нефт барои масрафкунандагон дар саросари ҷаҳон аст.

Вазорати хориҷаи Миср ҳам дар баёнияи худ, бо “шадидтарин иборатҳо” амалиёти харобкорона алайҳи чаҳор киштии Аморотро маҳкум кард ва изҳор дошт, ҳаргуна иқдоме алайҳи амнияти миллии Аморот чӣ дар марзҳои дарёӣ ва чӣ заминӣ маҳкум аст.

Баҳрайн ҳам “амалиёти харобкорона” алайҳи киштиҳои тиҷорӣ дар наздикии обҳои минтақаии Аморот дар Халиҷи Уммонро маҳкум кард ва онро “иқдоми муҷримона ва хатарнок” хонд. Вазорати хориҷаи Баҳрайн дар баёнияи худ таъкид кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои тазмини амнияти дарёнавардӣ ва муқобила бо ингуна таҳдидҳо алайҳи сулҳи ҷаҳонӣ вориди амал шавад.

Вазорати хориҷаи Урдун ҳам дар баёнияи худ зимн маҳкум кардани инфиҷорҳо дар бандари Фуҷайра, ҳамбстагии худро бо Аморот эълом кардааст.

Мутобиқи ин гузориш, рӯзи гузашта Вазорати хориҷаи Аморот дар баёнияи худ, аз амалиёти харобкорӣ алайҳи 4 киштии ин кишвар дар бандари Фуҷайра хабар дод ва эълом кард, ки ин ҳодиса дар минтақаи сӯхтгирии киштиҳои нефткаш дар наздикии қаламрави Аморот дар Дарёи Уммон рух додааст, минтақае, ки як гузаргоҳи асли барои содироти ин кишварҳои саршор аз нефт аст.

Вазорати хориҷаи Аморот афзуд; анҷоми ин харобкорӣ алайҳи киштиҳои тиҷорӣ ва ғайринизомӣ ва таҳдиди амният ва ҷони кормандони ин киштиҳо як “раванди ҷиддӣ” будааст.

Аморот то кунун касеро ба хотири ин амалиёт муттаҳам накардааст ва ҷузъиёте дар бораи хисоратҳо ба киштиҳо ва миллити ин киштиҳо ироа накардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад