Арабистон мушакборон шуд

Як манбаи низомии Яманӣ эълом кард, бо ҳафт паҳпод таъсисоти ҳаёти Арабистони Саудӣ ҳадаф гирифта шудааст.

Ин манбаи низомии Яман бо эъломи ин хабар, ба шабакаи “Алмасира” гуфт, “ин амалиёти бузург, дар посух ба идомаи таҷовуз ва муҳосираи мардуми Яман анҷом шуд”.

Манбаи мазкур дар идома таъкид кард: дар сурате, ки ҳамлаҳо ва муҳосираи золимона идома пайдо кунад барои зарабаҳои сахт бештар омодаем.

Ин дарҳолест, ки ҳафтаи ҷорӣ ягон паҳподи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо паҳподи қосфи К 2 амалиёте алайҳи таҷаммӯъоти неруҳои мутаҷовиз дар “Асир” анҷом дод, ки сабаб ба кушта ва захми шудани бисёре аз ин неруҳо шуд.

Эътилоф ба раҳбарии Арабистони Саудӣ аз апрели соли 2019 кишвари фақири Яманро барои бозгардондани қудрат ба “Мансур Ҳодӣ”, раисҷумҳури мустаъфии Яман ҳадафи ҳамалаҳои сангини ҳавоӣ, заминӣ ва дарёӣ қарор дода аммо неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар тӯли ин чанд сол дар муқобили он истодаги кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад