Эътирози Эрдуғон ба идомаи ҷанги Яаман дар моҳи мубораки Рамаон

Раҷаб Таиб Эрдуғон дар як зиёфати ифторӣ дар Истанбул афзуд, тибқи одати ҳарсола дар моҳи мубораки Рамазон душманони инсоният ва ислом талош мекунанд фазои ин моҳи муборакро мукаддар кунанд.

Вай ба таҳаввулоти ахир дар навори Ғазза ва ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба дафтари хабаргузории Анатолии Туркия дар ин минтақа ишора кард ва афзуд, қудрати Исроил вомдори сукути маҷмаъҳои байналмиллалӣ аст ва барои он ки ҷаҳониён аз моҳияти иқдомоташ огоҳ нашаванд расонаҳо ва гуруҳҳои имдодиро ҳадаф қарор медиҳад.

Раиси ҷумҳури Туркия гуфт, Исроил бар ин бовар аст, ки бо ҳамла ба созмонҳои имдодӣ ва бо таҳмили гуруснагӣ ва фақр ба фаластиниҳо метавонад ба онон дарси фаромушнашуданӣ бидаҳад.

Эрдуғон сипас бо интиқод аз сукути Риёз дар баробари масъалаи терори Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди саъудӣ хатоб ба мақомоти Арабистон гуфт, идолати шумо куҷост?

Раиси ҷумҳури Туркия афзӯд, Арабистон ҳануз ҳеҷ мавзеъе дар бораи ашхоси муртабит бо қатли Хошуқҷӣ, ки ба Истунбул фиристода буд нагирифтааст.

Эрдуғон ҳамчунин интиқодоташ дар парвандаи Хошуқҷиро мутаваҷҷиҳи Иттиҳодияи Аврупо кард ва гуфт, садоқати кишварҳои ғарбӣ дар парвандаи ин рӯзноманигор нумраи қабулӣ нагирифт.

Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими саъудӣ 2 октябри 2018 пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия нопадид шуд.

Режими саъудӣ 19 октябри 2018, баъд аз 18 рӯз сукут ва такзиб, саранҷом таҳти фишорҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ таъид кард, ки Хошуқҷӣ дар консулгарии Арбистон дар Истанбул ба қатл расидааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико 20 ноябри 2018 дар баёнияе эълом кард Амрико шарики Арабистон боқӣ хоҳад монд ҳатто агар валиъаҳди саъудӣ аз тарроҳии қатли Хошуқҷӣ мутталиъ буда бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад