Тасдиқи маҳкумияти 6 коргари мӯътаризи ширкати “Фароз” дар додгоҳи Душанбе

Ин афрод қаблан бар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба иттиҳоми сарпечӣ аз дастури милитсия ба 10 то 15 рӯзи зиндон маҳкум шуда буданд, ки эътирози онҳо ба ҷое нарасид ва додгоҳи пойтахти Тоҷикистон ин ҳукмро бидуни тағйир гузошт.

Муҳаммадалӣ Юсуфзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтааст, ки ин афрод аз дастури кормандони милитсия барои рафтан ба идораи милитсияи шаҳри Душанбе ба манзури ташхиси ҳуввият сарпечӣ кардаанд.

Аммо коргарони мӯътариз мегӯянд, ки бо мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар сохтмони идораи милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфтугӯ карда ва ба пурсишҳои онҳо ҷавоб додаанд.

Моҷаро замоне оғоз шуд, ки даҳҳо нафар коргарони қарордодии ширкати мавсум ба “Фароз” дар эътироз ба коҳиши қимати хариди маҳсулоташон муқобили сохтмони марказии ин ширкат дар шаҳри Душанбе таҷаммӯи эътирозӣ баргузор карданд, ки бо мудохилаи нерӯи милитсияи шаҳри Душанбе парканда шуданд. Ин коргарон далели эътирози худро тасмими мудирияти ширкати “Фароз” эълом карда буданд мабнӣ бар ин, ки ҳар кило шираи камолро, ки барои таҳияи дору истифода мешуд, аз онҳо ба қимати 10 доллар харидорӣ кунад. Дар ҳоле, ки қаблан ҳар кило шираи камол аз онҳо ба қимати 70-80 доллар харидорӣ мешуд.

Мудирияти ширкати “Фароз”, ки мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон аст, ҷузъиёти ин баҳс ва сабаби ҷамъ омадани мардум дар назди қароргоҳи ширкатро шарҳ надодаанд, вале ҷамъоварандагони шираи камол, ки онро ба “Фароз” мефурӯхтанд, мегӯянд, ки ширкати “Фароз” аз онҳо хостааст ё бо қимати 10-долларӣ ҳар кило шираи камолро ба онҳо бифурӯшанд ва ё ширкат бо кормандон аз Афғонистон қарордод мебандад, ки омодаанд, шираро ҷамъ оварда бо қимати поинтаре ба онҳо бифурӯшанд.

“Шираи камол”, ки аз растаниҳои шифобахш ба ҳисоб меравад, барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо қимати баланде фурӯхта мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад