Размоиши муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон

Дар размоишгоҳи Фахрободи Тоҷикистон размоиши муштараки ҶТ ва Узбекистон баргузор шуд.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати дифои ҶТ, намояндагони Узбекистон қабл аз размоиш бо хидмату зиндагии сарбозони Фахробод ошно шуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин размоиши барномаӣ буд ва дар чанд марҳила баргузор мешавад. Аз рӯи сужаи размоиш душман размоишгоҳро тасарруф мекунад ва сарбозон бояд сохтмонро аз душман озод ва онҳоро аз байн баранд.

Сарбозони тоҷику узбек бо ҳамоҳангӣ амалиёти низомиро шурӯъ карданд. Амалиёт бо муваффақият поён ёфт.

Ба гуфтаи манбаъ, размоиши ояндаи муштараки ҶТ ва Узбекистон дар моҳи августи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад