Иродаи ҷаддӣ барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ

Бар асоси эълони Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Низомуддин Зоҳидӣ, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, рӯзи гузашта эътиборномаи худро ба Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон тақдим кард.

Низомуддин Зоҳидӣ моҳи апрели соли ҷорӣ бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ раҳмон аз вазифаи муовинаввалии Вазорати умури хориҷа барканор шуда ва ба унвони сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъйин карда шуд. Нозир Хусрав, сафири Тоҷикистон дар Қоҳира ҳам ба ҷой Зоҳидӣ ба унвони муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон таъйин шудааст.

Чанде пеш аз ин низ, Муҳаммадтақии Собирӣ, муовини собиқи идорӣ ва молии Вазорати умури хориҷаи Эрон ба унвони сафири ҷадиди Эрон дар Душанбе эътиборномаи худро тақдими Сироҷиддин Меҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон карда буд. Пеш аз Собирӣ, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон буд.

Муаррифӣ ва интисоби сафирони ҷадиди ду кишвар дар ҳоле шакл мегирад, ки Теҳрон ва Душанбе чанд соли пурфарозу нишеб, пур аз танишҳоро пушти сар гузоштаанд. Вазни сиёсии сафирони ҷадиди ду кишвар, ки ҳар ду муовини вазири собиқ буданд низ нишон аз иродаи мақомоти Теҳрон ва Душанбе барои ҳалли мушкилоти сиёсии собиқ дорад.

Агарчи ду кишвар иродаи мустаҳкаме барои беҳбуди равобит аз худ нишон додаанд, аммо ҷониби Тоҷикистон ҳамчунон бар масоил ва мушкилоти собиқ таъкид мекунд.

Ин интисоб дар ҳолест, ки аввали соли ҷорӣ Сироҷиддин Меҳруддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон изҳори умедворӣ карда буд, ки сӯитафоҳум аз ҷониби Эрон бартараф хоҳад шуд. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ахираш дар Душанбе, Эронро кишвари дӯст хонд, ки иштирокҳои зиёде бо Тоҷикистон дорад ва нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Ӯ боз афзуд, ки то ҳаводиси сентябри 2015 дар муносиботи Тоҷикистон ва Эрон ҳеҷ мушкиле вуҷуд надошт.

Сироҷиддин Меҳруддин тавзеҳ дод, ки баъзе мушкилоти сиёсӣ дар пайи он ҳаводис ба вуҷуд омаданд, ки бархе гурӯҳҳои сиёсӣ ва пулии Эрон ташкилоти террористии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳимоят карданд.

Вай тасреҳ мекунад; мо дар ҳама сатҳҳо бо кишвари дӯст (Эрон) ин масъаларо баррасӣ мекунем, аммо мутаассифона то ба ҳол ҳал нашудааст.

Ӯ бори дигар таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Эрон фақат дар масоили сиёсӣ каме мушкилот доранд, ки он низ ба далели ҳимояти ҲНИТ дар Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои молӣ ва сиёсии муртабит аст. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин бора изҳор дошт, ки дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мушкиле вуҷуд надорад ва дар ҳоли ҳозир баъзе ширкатҳои эронӣ дар сохтмони бузургтарин проекти Тоҷикистон, «Роғун» ба кор машғул ҳастанд.

Ӯ изҳори умедворӣ карда буд, ки дар бахши сиёсӣ низ бо аз байн бурдани мушкилоти мазкур, муносибатҳо боз ҳам беҳтар шаванд.

Ин изҳороти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки токунун ба ғайр аз чанд эътирофи телевизионӣ, ки ба ақидаи нозирони байналмилалӣ таҳти фишору шиканҷа сохта шудаанд, ҳеҷ санаде барои иддаоҳои давлати Тоҷикистон ироа нашудааст. Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳи дигар иттиҳоми ҳимояти Эрон аз ҲНИТ аст, ки аз сӯи давлати Тоҷикистон террористӣ дониста шудааст.

Қайд карда мешавад, ки то кунун ба ғайр аз Тоҷикистон, ҳеҷ кишвар ва созмони байналмилалии мӯътабар ҲНИТ-ро ба унвони як гурӯҳи террористӣ нашинохтааст. Ҳамчунин давлати Тоҷикистон мушкилот ва масоили сиёсӣ бо Эронро ба баҳонаи ҳимоят аз ҲНИТ дар ҳоле матраҳ мекунад, ки чеҳраҳои асосӣ ва раҳбари ин ҳизб, ва ҳамчунин арсаи фаъолиятҳои онҳо чандин сол аст, ки дар Аврупо қарор дорад.

Бо ин вуҷуд боз ҳам мақомоти Тоҷикистон саъй доранд аз аврупоиҳо, ки ҳимоятҳои сиёсӣ ва мизбонии ин гурӯҳҳои мухолифи тоҷикро ба ӯҳда гирифтаанд чашмпӯшӣ карда ва боз ҳам як масъалаи козибро ба унвони мушкили сиёсии ду кишвари дӯсту бародар, Эрон ва Тоҷикистон матраҳ кунанд.

Ба ҳар ҳол ирода ва азми ҷиддӣ миёни мақомоти ду кишвар барои ҳалли мушкилоти сиёсии солҳои ахир миёни ду кишвар мушоҳида мешавад ва интизор меравад бо интиқоли ин ирода ба сатҳҳои миёнӣ ва баданаи иҷроии ду кишвар шоҳиди беҳбуди равобити ду кишвар бошем.

Бадеҳӣ аст, ки беҳбуд ва тавсеаи равобити ду кишвар ниёзманди нишон додани ҳусни ният аз сӯи тарафайн барои канор гузоштани ихтилофоти собиқ дар партави пешрафти гуфтугӯҳои сиёсӣ ва рушди иштирокот аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад