Табрики раҳбари Ан-Соруллоҳи Яман ба муносибати моҳи мубораки Рамазон

Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ раҳбари ҷунбиши Ан-Соруллоҳ ҳулӯли моҳи мубораки Рамазонро ба миллати Яман ва дигар мусулмонони ҷаҳон, табрик гуфт.

Раҳбари Ан-Соруллоҳи Яман таъкид кард, “ҷомеаи исломии мо дар шароити кунунӣ беш аз ҳар замони дигар ба бахшандагии исломи ҳаққ, ки истиқлолро барои уммати исломӣ меовард, ниёз дорад”.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ан-Соруллоҳ, вай таъкид кард, ки “дар марҳалаи ҳассоси кунунӣ, уммат барои муқобила бо сенарияҳои душманон бояд ба дарк ва огоҳии Қуръонӣ бирасад”.

Раҳбари Ан-Соруллоҳ афзуд: “масъалаи муҳим дар ин моҳи муборак, аъмоли солеҳа аз ҷумла анҷоми корҳои хайр дар роҳи Худо ва муқобила бо душманон аст”.

Мардуми Яман имсол дар ҳоле ба истиқболи моҳи мубораки Рамазон мераванд, ки ҷанги эътилофи саудӣ алайҳи ин кишвар вориди панҷумин соли худ шудааст.

Ҳамалаҳои эътилофи саудӣ ба Яман ба баҳонаи бозгардондани қудрат ба Мансур Ҳодӣ раисҷумҳури мустаъфӣ ва фирории Яман, панҷ сол аст, ки оғоз шуда ва сабаби кушта ва захми шудани ҳазорон нафар аз мардуми ин кишвар шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад