Вусъати вокуниши муқовамат ба сатҳи таҷовузгарии душман бастагӣ дорад

“Исмоил Ҳания” раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин рӯзи якшанбе гуфт, ки душмани Исроилӣ ба тазоҳурот бозгашт таҳоҷум кард ва пас аз он муҷоҳидини Фаластиниро, ки дӯр аз ин тазоҳурот буданд ҳадаф қарор дод.

Вай афзуд: Пас аз он муқовамат бо тамоми гурӯҳҳои худ ба похост то аз миллат ва сарнавишти худ дифоъ кунад. Душмани саҳюнистӣ бо бомбаборони хонаҳо ва сохтумонҳои давлатӣ ва анҷом додани ҷиноят, ба думболи ташдиди авзоъ аст.

Таниши низомии Ғазза ва режеми саҳюнистие, ки аз шанбе (чаҳоруми май) оғоз шуда то кунун 24 шаҳид ва беш аз120 маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст.

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин дар идомаи суханонаш изофа кард: “муқовамат вусъати доираи вокунишро на бо ҳадафи оғози ҷанги ҷадид балки бо ҳадафи таваққуфи таҷовуз анҷом дода ва вокуниши муқовамат ба сатҳи таҷовузгарии душман бастагӣ дорад”.

Ҳания афзуд: “бозгашт ба оромиш имконпазир буда аммо ҳифозат аз он вобаста ба пойбандии ишғолгарон ба таваққуфи комили ҳамалот аст”.

Гурӯҳҳои фаластинӣ дар иқдоми бесобиқа дар камтар аз 48 соати гузашта, беш аз 600 ракета ба шаҳракҳои Исроил ҳатто ба “Арод” фаротар аз таъсисоти Димона шиллик карданд ва то кунун чаҳор саюунист кушта шудаанд.

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос таъкид кард: “бояд иҷрои тафоҳумҳои сурат гирифта, ки дар бораи зиндагии бо каромати мардуми Ғазза ва поёни муҳосира ва ишғолгарӣ аст ба суръат анҷом шавад”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад