Камтарин нафақа дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Ба нақл аз сайти CA-NEWS, дар соли 2018 нафақаи мутавассит дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки 310 сомонӣ муодили 33 доллар аст.

Ин дар ҳоле аст, ки ин шохис дар Туркманистон 300 доллар, дар Қазоқистон 267 доллар, Қирғизистон 69 доллар ва Узбакистон 42 доллар эълом шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон авохири соли 2018 аз пойин будани нафақа дар ин кишвар ба шиддат интиқод кардааст.

Ба гуфтаи вай зиндагӣ дар Тоҷикистон барои бознишастагон бо нафақаи моҳона 200 сомонӣ ғайри қобили тасаввур аст.

Дар Тоҷикистон 660 ҳазор нафар нафақаи бознишастагӣ мегиранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад