Рӯзи 6 май аввали моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон

Ба гузориши Тоҷик Пресс ба нақл аз сомонаи Шурои уламои Тоҷикистон, ин шуро эълом кардааст, дар рӯзи аввали моҳи май ин мавзуъ дар нишасти вижае мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Аммо бо баррасӣ ва бо такия бар муҳосиботи илмӣ мушахас шудааст, ки рӯзи душанбе 6 май рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар аст.

Дар нишасти рӯзи аввали моҳи май Шурои уламои Тоҷикистон ҳамчунин мизони закоти солиёна ва садақаи фитрия мушахас ва эълом хоҳад шуд.

Аммо хабаргузории Авесто таъкид кардааст, барағми тақозои ҳамасолаи мақомоти ҳукуматӣ ва Шурои исломӣ аз косибони бозор барои афзоиш надодани нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон, дар остонаи фарорасии ин моҳ нархи гушт дар бозорҳои шаҳри Душанбе афзоиш ёфтааст.

Агар пеш нархи як килло гушт 40 сомонӣ буд, акнун ба 45 сомонӣ расидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад