Офатҳои табиӣ меҳвари дидори мақомоти тоҷик бо сафири Амрико

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва Ҷон Марк Поммершайм, сафири ҷадиди Амрико дар Душанбе дидору гуфтугӯ карданд.

Умеда Юсуфова, сухангӯи ҚҲФ бо эълони ин хабар гуфт: “Дар ибтидои ин мулоқот сохтор, фаъолият ва ҳамкориҳои байналмилалии ҚҲФ дар заминаи пешгирӣ ва муқобила бо авоқиби офатҳои табиӣ шарҳ дода шуд.”

Дар ҷараёни ин дидор масоили марбут ба тавсеаи бештари ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар заминаи пешгирӣ ва муқобила бо авоқиби офатҳои табиӣ ва ҳамчунин фаъолияти муштараки кумитаи мазкур ва сафорати Амрико дар ин хусус, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси КҲФ дар суханони худ тавсеаи равобит миёни Тоҷикистон ва Амрико дар ин заминаро муҳим арзобӣ кард.

Сафири Амрико низ итминон дод дар оянда ҳам ба талошҳои муштарак барои густариши ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар заминаи омодагӣ дар баробари офатҳои табиӣ идома хоҳад дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад