Фишори Амрико бар Олмон барои террористӣ эълом кардани Ҳизбуллоҳ

Ба гузориши Тоҷик Пресс, Амрико аз тариқи сафири худ дар Берлин, фишор бар давлати Олмон барои “террористӣ” эълом кардани шохаи сиёсии Ҳизбуллоҳи Лубнонро ташдид кардааст.

Рӯзномаи “The Jerusalem Post”, рӯзи чаҳоршанбе гузориш дод, Ричард Гренелл, сафири Амрико дар Берлин, ба мақомҳои давлати Олмон фишор овардааст то Ҳизбуллоҳи Лубнонро созмоне террористӣ эълом кунад.

Манобеъи ин рӯзнома мегӯянд, Гренелл дар ҳар дидор бо мақомҳои олмонӣ, ин дархости зидди Ҳизбуллоҳро такрор мекунад.

Тибқи ин гузориш, мақомҳои олмонӣ то кунун ба ин фишор тан надодаанд. Вазири кишвари Олмон чанде пеш гуфта буд: “Ҳизбуллоҳ чузъи ҳизбҳои сиёсии ҷомеаи Лубнон аст ва Аврупо шохаи низомии онро ба рӯйхати гурӯҳҳои манъшуда изофа кардааст.”

Иттиҳодияи Аврупо Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба сурати ду бахши сиёсӣ ва низомӣ ба расмият шинохта ва бахши низомии онро дар рӯйхати таҳрим қарор додааст.

Режими саҳюнистӣ ва давлати Амрико дар моҳҳои гузашта дар талош барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон, кишварҳои аврупоиро барои террористӣ эълом кардани кулли Ҳизбуллоҳ таҳти фишори шадид қарор додаанд.

Вашингтон ҳамчунин дар талош барои пойин овардани маҳбубияти Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, чандин бонк ва шахсияти лубнониро ба иттиҳоми иртибот бо Ҳизбуллоҳ дар рӯйхати таҳрим қарор додааст.

Дар тозатарин иқдоми Амрико зидди Ҳизбуллоҳ, Вазорати хазонадории Амрико, 2 шахс ва 3 ниҳодро ба баҳонаи иртибот бо Ҳизбуллоҳ дар рӯйхати таҳримҳои худ қарор дод.

Англис низ ба пайравӣ аз Амрико, ҳам шохаи сиёсӣ ва ҳам шохаи низомии Ҳизбуллоҳро ба унвони “гуруҳи террористӣ” эълом ва фаъолияти ин гуруҳ дар Англисро манъ кард.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки Ҳизбуллоҳ яке аз муҳиммтарин ҳизбҳои сиёсии Лубнон аст ва дар интихоботи ахири парлумони Лубнон ҳам бо вуҷуди иқдомоти Амрико зидди ин ҳизб, бахши бузурге аз курсиҳои парлумон, дар ихтиёри эътилофи мавриди ҳимояти Ҳизбуллоҳ қарор гирифт ва Ҳизбуллоҳ акнун бахше аз давлати Лубнон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад