Ҳабс барои бозигари Туркия ба иттиҳоми тавҳин ба муҳаҷҷабаҳо

Додгоҳи Истанбул бо танзими як додномаи ҷадид дархост кардааст, ки ин зани бозигар барои 6 моҳ то як сол зиндонӣ шавад.

Хонум Дениз Чакир аз бозигарони машҳури синамо ва телевизиони Туркия дар соли 2018-и мелодӣ ба чанд хонуми муҳаҷҷаба тавҳин кардааст.

Дениз Чакир дар як қаҳвахона хитоб ба чанд духтари муҳаҷҷаба гуфта буд: Беҳтар нест бо ин либосҳоятон ба Эрон ё Арабистон биравед? Ин ҷо ҷои шумо нест.

Дар пайи тавҳини хонум Чакир ин чанд зани муҳаҷҷаба шикоятномае алайҳи ӯ танзим карданд.

Мақомоти ҳизби Адолат ва Тавсеа ва Вазорати хонаводаи давлати Эрдуғон низ аз ин иқдом ҳимоят кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад