Пирӯзии Владимир Зеленский дар интихоботи Украина

Ҳунарпеша ва ҳаҷвнигор-Владимир Зеленский президенти Украина интихоб шуд.

Тибқи гузориши exit poll ба ҷонибдории Зеленский 72,7 дарсади интихобкунандагон овоз доданд. Раисҷумҳури кунуниро танҳо 27,3% украиниҳо дастгириӣ карданд.

Зеленский – 72,7% овоз, Порошенко – 27,3%,”, – натиҷаҳои интихобот тибқи гузориши exit poll шабакаи “1+1”.

Ҳамин тавр дар шарқи Украина ҳунарпешаро 88% аҳолӣ ва раисҷумҳури кунуниро 12% мардум дастгирӣ кард.

Дар ғарби кишвар ба ҷонибдории Зеленский 56%, ба тарафдории Порошенко бошад – 43,6% овоз доданд.

Пас аз эъломи натиҷаи интихобот Владимир Зеленский овоздиҳандагонро сипос гуфт ва ваъда дод, ки ҳаргиз украиниҳоро пушаймон намекунад.

“Ваъда медиҳам, ки ҳич гоҳ шуморо пушаймон намекунам”,-гуфт Зеленский.

Ҳунарманд қайд кард, ки пирузиро тамоми Украина ба даст овард. Ҳамчунин Зеленский гуфт, ки табъаш болида ҳаст, вале монда шудааст.

“Ҳолам хуш аст, вале агар росташро гӯям, мехоҳам каме истироҳат кунам”,-гуфт Зеленский.

Назарҳо аз Тоҷикистон ба пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Ба бовари Иршод Сулаймонӣ, коршиноси тоҷик, “пирӯзии Зеленский нишон медиҳад, ки мардум дар кишварҳои пасошӯравӣ аз раҳбарони худкома ва фасодпешаву камкор хаста шуданд” ва ҳар нафаре, ки меояду аз мавқеи мардум суҳбат мекунад, дар интихобот аз ӯ пуштибонӣ мешавад. Далели бо раъйи ниҳоят зиёд пирӯз шудани Зеленский, ба назари Иршод Сулаймонӣ, баёнгари ҳамин аст.

Иршод Сулаймонӣ, коршиноси тоҷик.
“Дар интихоботҳое, ки ба даври дувум кашида мешавад, умдатан бо тафовути андак анҷом меёбад. Дар Украина бо вуҷуди он ки президенти феълӣ Порошенко тайи чанд сол дар сари қудрат буд ва метавонист ба тақаллуб роҳ диҳад, мардум бо назардошти безорӣ аз вазъи якранги давомдор дар кишвар, ба танг омада буданд, овози худро соҳиб шуданд. Ин баёнгари безорӣ аз низоми яккатафаккуре аст, ки аз даврони шӯравӣ боқӣ монда аст”, – афзуд ин коршиноси тоҷик.

Сайфулло Сафаров, таҳлилгари Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, натиҷаи интихоботи Украинаро “ҳолати эътирозии мардуми ин кишвар” донист. Ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, мардум бо ақлу ҳуши худаш дарк кард, ки ҳукумати Порошенко тайи чанд сол натавонист барои мардум коре бикунад ва ҳатто тими ӯ натавонист ваъдаҳои худро иҷро кунад ва аз ин рӯ, аз ҷониби мардум пуштибонӣ наёфт.

“Бигузор агар ин интихоб бадтар ҳам бошад, вале аз командаи Порошенко беҳтар хоҳад буд. Ва мардум ба як фарди камтаҷриба овоз дод ва интизор дорад чеҳраҳои нав сари кор оянд ва барои мардум хидмат кунанд”, – афзуд Сайфулло Сафаров.

“Давлати Украина як давлати кӯчак нест ва Зеленский бо вуҷуди бетаҷрибагӣ, тавонист ҳарферо бизанад, ки мардум интизор буданд. Ман интизор набудам, ки Порошенко қудратро ба осонӣ аз даст бидиҳад, шояд дар ин мубориза таъсири беруна низ ҷой дошт”, – афзуд ин сиёсатмадори тоҷик.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ ва вакили порлумон.
Саидҷаъфар Усмонзода дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ дар хусуси ин ки чунин интихоботро дар Тоҷикистон мешавад интизор шуд, гуфт, “чаро не? Дар Тоҷикистон дар интихобот ба ҳизбҳо шароит дода шуд, вале ҳизбҳо натавонистанд дуруст истифода кунанд”.

Аммо Рустам Гулов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва блогнависи тоҷик мегӯяд, ба сурати умумӣ бовар надорад, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ интихобот мисли Украина демократӣ баргузор шавад ва як журналист ё ровӣ номзадиашро гузораду ба пирӯзӣ расад.

“Шояд дар интихоботи ояндаи Тоҷикистон ба мунсифона сурат гирифтани он роҳ дода шавад, вале комилан умедвор нестам. Нозирони ИДМ-ро меоранду мегӯянд, интихобот шаффоф ва демократӣ сурат гирифт. Умеди ман барои як интихоботи шаффофу мунсифона зиёд нест”, – афзуд Рустам Гулов.

Владимир Зеленский, ки асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибот мебурд ва аз мубоҳисаҳои сиёсӣ парҳез мекард, ба сабаби иқтисоди заиф, фасоди густурда ва ҷанги 5-сола дар шарқи Украина ҳаводорони зиёде ба даст овард.

Владимир Зеленский рӯзи 19-уми апрел дар мубоҳисаи сиёсӣ бо Петро Порошенко гуфт, ки “сиёсатмадор нест ва фақат як фарди оддӣ аст”, ки мехоҳад, низоми феълиро бишканад.

Бознашр аз сомонаи Озодӣ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад