Нақши Арабистон ва Иморот дар Судон

Умар Албашир июни 1989 бо кудатои бидуни хунризӣ ба қудрат расид ва 11 апрели 2019 пас аз инки тазоҳуроти мардумӣ беш аз 50 кушта бар ҷой гузошт тавассути артиш аз қудрат барканор шуд.

19 декабри 2018 буд, ки тазоҳуроти мардумӣ зидди Умар Албашир дар Судон оғоз шуд. Арабистони саудӣ ва Иморот ду кишваре буданд, ки бо пардохти пул ба Албашир талош доштаанд вайро дар қудрат ҳифз кунанд, аммо қудрати мардуми Судон бисёр бештар аз қудрати долларҳои саъудӣ ва иморотӣ буд.

Дар гоми дуввум пас аз инки Риёз ва Абузабӣ аз ҳифзи Умар Албашир ноумед шуданд, ба кумаки сервисҳои иттилоотии Исроил талош карданд заминаи барканории раиси ҷумҳури собиқи Судонро фароҳам кунанд. Ин дар ҳолест, ки Умар Албашир ва низомиёни судонӣ дар эътилофи саъудӣ алайҳи Яман мушорикати фаол дошта ва низомиёни судонӣ бахши зиёде аз аъзои эътилофи саъудиро ташкил медиҳанд.

Арабистони саъудӣ ва Иморот акнун дар гоми севвум бо кумаки Амрико талоши бисёре анҷом медиҳанд, то таҳаввулоти Судон пас аз Умар Албаширро мудирият ва ҳидоят кунанд. Бар ин асос Абдулфаттоҳ Албурҳон, ки фармондеҳи неруҳои заминии Судон аст дар ҷанг алайҳи Яман нақши муҳимме дорад ва равобити наздике низ бо Риёз ва Абузабӣ дорад, раёсати Шурои олии низомии интиқолии Судонро бар уҳда гирифт.

Арабистони саъудӣ ва Иморот дар ин марҳила бо ҳимояти молӣ аз Шурои олии низомии интиқолӣ саъй доранд ҷойгоҳи низомиён ба хусус Абдулфаттоҳ Албурҳонро тақвият кунанд. Аз ин ру Арабистон ва Иморот кумаки 3 миллиард долларӣ ба Судон анҷом доданд, ки 500 миллион доллар аз ин кумак ба Бонки марказии Судон барои тақвияти молии он ихтисос ёфтааст. Ин кумакҳо бо огоҳӣ аз ин мавзӯъ анҷом шуд, ки эътирозҳо дар Судон решаи иқтисодӣ доштааст. Дар ҳамин росто, хабаргузории давлатии Арабистон навишт, ин кумакҳо барои тақвияти авзои молии Судон, афзоиши субот дар нархи арз ва ҳамчунин беҳбуди вазъияти иқтисодии ин кишвар анҷом мешаваад.

Ҳадафи Арабистон ва Иморот ин аст, ки дар ин марҳила монеъи такмили инқилоби мардуми Судон шаванд ҳамон гуна, ки дар Миср ва Яман ин иқдомро анҷом доданд. Акнун Риёз ва Абузабӣ саъй доранд кори Мисрро дар Судон пиёда кунанд ва Судонро дар бошгоҳи иқтидоргароёни арабӣ нигаҳ доранд. Аз ин ру ин ду кишвари араби, ки мудохилаи манфӣ дар умури дохилии дигар кишварҳои арабӣ доранд ҳимоят аз Шурои олии низомии интиқолии Судонро дар авлавият қарор додаанд.

Дар ҳамин росто, Девони подшоҳии саъудӣ дар баёнияе бо таърихӣ хондани равобит бо Судон эълом кард, ки Риёз таҳаввулоти Судон ва баёнияи Шурои интиқолии низомиро пайгирӣ ва ҳимояти худро аз иқдомоти ин шуро эълом мекунад.

Вазорати хориҷаи Имороти муттаҳидаи арабӣ низ билофосила пас аз саъудӣ вориди амал шуд ва бо таърихӣ хондани таҳаввулоти Судон таъйини Абдулфаттоҳ Албурҳон ба унвони раиси Шурои интиқолии низомиро табрик гуфт ва таъкид кард ба қудрати мардум ва артиши Судон барои убур аз таҳдидот эътимоди комил дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад