Зуҳуров бо даъвати Валентина ба Русия рафт

Ҳайъати парлумони Тоҷикистон ба раёсати Шукурҷон Зуҳуров раиси маҷлиси намояндагони ин кишвар ба даъвати Валинтина Матвиенков раиси Шурои федератсияи Русия озими Сангт-Петербурги Русия шуд.

Муҳаммад ато Султонов сухангӯи парлумони Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, Намояндагони парлумони Тоҷикистон дар чорчуби ин сафар дар чиҳилу нуҳумин иҷлоси Маҷмаъи байнипарлумонии кишварҳои Ҳамсуд, ки ба мезбонии Русия баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Дар ҷараёни ин иҷлос масоили марбут ба мушорикати нозирони байналмиллалии Маҷмаъи байнипарлумонии кишварҳои Ҳамсуд дар назорати интихоботие, ки ахиран дар кишварҳои узви ин созмон баргузор шуда баррасӣ мекунад.

Дар остонаи ҳафтоду панҷумин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум, намояндагони парлумони кишварҳои Ҳамсуд масоили марбут ба таҷлил аз ин ҷашнро баррасӣ мекунанд.

Зуҳуров дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо ҳамтоёни худ аз теъдоде аз кишварҳои узви ҷомеъаи Ҳамсуд дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Иттиҳодияи кишварҳои мустақили Муштаракул манофеъ пас аз фурупошии Шуравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Алма-Ата тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Малдавӣ, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад