Нахустин сафари расмӣ баъди ҳашт сол

Раҳмонро дар фурудгоҳи Внуково-2 Григорий Карасин, муовини вазири хориҷаи Русия бо қаровули фахрӣ пешвоз гирифт. Қаровули фахрӣ ба шарафи Эмомалӣ Раҳмон гимни Тоҷикистону Русияро навохт.

Эмомалӣ Раҳмон шоми 16 апрел бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони Русия ва рӯзи 17 апрел бо президент Владимир Путин мулоқот мекунад.

Интизор меравад, Раҳмон ва Путин ба чанд созишнома, аз ҷумла дар масъалаи муҳоҷирон ва содироти боимтиёзи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русияро имзо кунанд. Ин нахустин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар 8 соли охир аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 апрел сафари расмии дурӯзааш ба Русияро оғоз кард. Ӯро субҳи 16 апрел дар фурудгоҳи Душанбе раисони ҳарду палатаи парлумон маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, сарвазир Қоҳир Расулзода ва раиси дастгоҳи президент Озода Раҳмон гусел карданд.

Ҳавопаймои Эмомалӣ Раҳмон нисфирӯзӣ дар фурудгоҳи Внуково-2 нишаст. Ӯро дар ин ҷо Григорий Карасин, муовини вазири хориҷаи Русия, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав, Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе ва Игор Богдашев, мудири Департаменти протоколи давлатии вазорати хориҷаи Русия пешвоз гирифтанд.

Шоми 16 апрел ӯ бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ва рӯзи 17 апрел бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекунад. Дар пайи ин мулоқот, Путин ва Раҳмон, қарор аст, ба чанд созишнома имзо кунанд.

Гуфта мешавад, ки яке аз ин созишномаҳо пиромуни муҳоҷират аст, вале ҳанӯз маълум нест, ки Русия мисли муҳоҷирони қирғиз ҳудуди 170 ҳазор муҳоҷири тоҷикро ҳам аз рӯйхатти сиёҳаш хат хоҳад зад ё на?

Созишномаи дигар, бино ба иттилои дарёфтӣ, дар мавриди шароити боимтиёзи содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Русия хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин зуд-зуд бо ҳам мулоқот мекунанд, вале ин аввалин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия аз соли 2011 ба ин тараф аст.

Дар ин байн Путин ду дафъа – соли 2012 ва соли 2018 – бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад