Террористони ДИИШ дар Русия кушта шуданд

Дар Тюмен ду узви ДОИШ муайян ва безарар гардонида шуданд

Пештар ФСБ муайян карда буд, ки дар яке аз манзилҳо дар Тюмен пайравони гурӯҳи террористӣ омода мекунанд.

террористом дар посух ба пешниҳоди таслим шудан ба мақомот тир кушодаанд, ки дар пайи тирпарронии ду тараф худ кушта ва безарар гардонида шудаанд.

Дар пайи амалиёт аз сокинони осоишта нафаре зарар надидааст.

Пештар хабар дода шуд, ки шуъбаи тафтишотии ФСБ Русия дар минтақаи Перм нисбати зодаи Тоҷикистон Айёмидин Мухторов, ки ба ҷалби ҳамватанони худ ба сафи гурӯҳҳои террористӣ машғул будааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба маълумоти ниҳоди тафтишотӣ, Мухторов фаъолияти худро оид ба ҷалби ҳамватанонаш ба сафи гурӯҳҳои ДИИШ ба Сурия аз моҳи майи соли 2018 оғоз намуда, то феврали соли 2019 давом додааст. Вай ба Перм ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ омада дар сохтумонҳо ёрдамчӣ шуда, кор мекардааст.

Дар шаҳри Перм ӯ ба таври фаъолона ҳамватанони худро барои ҷиҳод ба сафи гурӯҳҳои террористии ДИИШ ба Сурия даъват мекардааст.

Ҳамчунин Мухторов ҳангоми мулоқот бо ҳамватанонаш сабтҳои видиоии хислатҳои ифротгароидоштаро нишон медодааст.

Дар як видеое, ки ӯ ба ҳамватанонаш нишон дода будааст, як марди дорои симои шарқиёна нақл мекардааст, ки чӣ гуна ба сафи ДИИШ пайваста ҷангидааст ва ҳоло соҳиби бойгарии бузург шудааст.

Аммо то ҳол маълум нест, ки ба Мухторов муяссар шудааст, ки ягон ҳамватани худро ба Сурия равон кунад, ё не.

Ӯро 23 феврали соли равон кормандони ФСБ Русия дастгир карда буданд. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад