Тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қатар

Шукурҷон Зуҳуроф, раиси Парлумони Тоҷикистон дар сафар ба Давҳа бо Аҳмад ибни Абдуллоҳ оли Муҳаммад, раиси парлумони Қатар мулоқот кард.

Ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Парлумони Тоҷикистон, тарафайн дар ин дидор аз сатҳи болои ҳамкорӣ миёни ду кишвар ибрози ризоият карданд.

Вай афзуд, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки дидорҳои муназзами раҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Тамим ибни Ҳамд оли Сонӣ пояи муҳкаме барои тавсеаи бештари равобити дуҷониба миёни 2 кишвар эҷод кардааст.

Тарафайн дар идомаи тавсеа ва тақвияти ҳамкорӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Қатарро муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни ин мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни 2 кишвар ва имкони содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби ошомидании Тоҷикистон ба Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин росто, ду тараф бар аҳамияти ифтитоҳ ва роҳандозии парвози мустақим миёни Душанбе ва Давҳа таъкид карданд.

Дар поёни ин дидор раиси Парлумони Тоҷикистон аз ҳамтои қатарии худ барои сафар ба Душанбе дар фурсати муносиб даъват кард.

Ин гуна фаъолиятҳо дар ҳолест, ки ба эътиқоди коршиносон, барои кишварҳое монанди Қатар ва Арабистон, сармоягузорӣ дар кишварҳои дурдасте монанди Осиёи Марказӣ чандон бо тавҷеҳи иқтисодӣ сурат намегирад.

Фаъолиятҳои Қатар ва Арабистон дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дорои пешинаи мазҳабӣ ҳастанд, фақат ба равобити иқтисодӣ мунҷар намешавад, ин кишвар бо таваҷҷуҳ ба сарвате, ки дар ихтиёр дорад, дар дигар бахшҳои асосии ин кишварҳо нуфуз карда ва аҳдофи махфии худро дунбол мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад