Раисҷумҳури Алҷазоир билохира ба истеъфо рафт

Бино ба иттилои хабаргузориҳои расмии Алҷазоир, хабари истеъфои Бутефлиқа пас аз он нашр шуд, ки Аҳмад Гаед Салоҳ сардори ситоди кулли артиши Алҷазоир даъват кард, президентро фавран аз мақом барканор кунанд.

Гуфта мешавад, низомиёни Алҷазоир изҳороти пешинро напазируфтанд, ки гуфта шуд, президент то поёни давраи чаҳоруми раёсати худ – 28 апрели соли равон дар мақомаш хоҳад монд. Онҳо талаб карданд, ки ӯ зуд барканор шавад.

Бар асоси Конститутсияи Алҷазоир, пас аз ба истеъфо рафтани президент вазифаҳои ӯро муваққатан раиси палатаи болоии порлумон Абдулқодир Бинсалоҳ иҷро мекунад. Бояд давоми 90 рӯз дар ин кишвар интихоботи нави президентӣ баргузор шавад.

Тасмими ба истеъфо рафтани президент дар пайи эътирозҳои оммавие гирифта шуд, ки беш аз як моҳ аст идома доранд. Сокинони ин кишвар бо нишони эътироз ба пешбарии бори панҷуми номзадии Бутефлиқа ба мақоми президентӣ даст ба тазоҳурот заданд.

Бутефлиқа дар гузашта узви ҳаракати озодихоҳи Алҷазоир ва вазири умури хориҷӣ буда, аз соли 1999 ин кишварро раҳбарӣ мекард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад