Се шаҳид ва беш аз сад захмӣ дар тазоҳуроти “Рӯзи замин”-и фаластиниён

Ба гузориши Таҷик Пресс ба нақл аз шабакаи Алминори Лубнон, ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба мардуми Фаластини сокини Ғазза дар 30 март, “Рӯзи замин”, то кунун 111 захмӣ бар ҷой гузоштааст, ки ҳудуди 30 нафар аз онҳо бар асари бархурди мустақими тир захмӣ шудаанд.

Як хабарнигори шабакаи телевизионии Алақсо низ дар шарқи Албариҷ дар маркази борикаи Ғазза, аз тири низомиёни саҳюнист захмӣ шуд.

Шабакаи телевизионии Алмаёдин низ дар гузорише эълом кард, низомиёни режими саҳюнистӣ мошини Ҳилоли аҳмари Фаластинро дар шарқи навори Ғазза ҳадаф қарор доданд.

Низомиёни режими ишғолгари Исроил аз тирҳои ҷангӣ ва маводи мунфаҷира барои саркӯби роҳпаймоиҳои ҳаққи бозгашт дар манотиқи шарқ ва ҷануби борикаи Ғазза истифода мекунанд.

Бо вуҷуди ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ, ҷавонони фаластинӣ тавонистанд парчами ин сарзаминро бар симҳои хордори марзи шарқи урдугоҳи Ҷиболиё дар шимоли навори Ғазза насб кунанд.

30 март 2019 мусодиф бо чиҳилу севумин солгарди “Рӯзи замин” ва аввалин солрӯзи тазоҳуроти “Ҳаққи бозгашт” дар Фаластин аст.

Рӯзи 30 март 1976 ишғолгарони саҳюнист 22 ҳазор гектар аз заминҳои фаластинёнро ишғол карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад