Поёни чор соли ҷанг дар Яман ва вуруд ба соли панҷум

Бароварди Арабистони Саудӣ ин буд, ки ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи фақиртарин кишвари арабии Ховари Миёна тайи ду то се ҳафта бо муҳаққақ шудани ҳадафҳояшон хотима хоҳад ёфт. Ҳадафи аслӣ аз оғози ин ҷанг, бозгардондани Ансоруллоҳ ба шароити қабл аз сентябри соли 2014, яъне рондан ба ҳошияи қудрат дар Яман буд. Чор сол аз ин ҷанги ғайриқонунӣ гузашт, аммо на танҳо Ансоруллоҳ ба шароити пеш аз сентябри соли 2014 бозгардонида нашуд, балки Ансоруллоҳ ҳастаи аслӣ ва марказии қудрат дар Ямани имрӯзиро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, Оли Сауд пас аз оғози ҷанг алайҳи Яман эълом кардани “Бозгардондани машруият” ба Яман ҳадафи ин ҷанг аст, ки манзур аз машруият низ Абдурраб Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури фарории Яман буд. Бо поёни чорумин соли ҷанг, Мансур Ҳодӣ, ки акнун дар Риёз мустақар аст, на танҳо ба Санъо бозгардонда нашуд, балки аз диди бахши бузурге аз мардуми Яман, Мансур Ҳодӣ аз тариқи ҳамсӯӣ бо сиёсатҳои ҷангталабонаи Арабистон, шарики ҷиноятҳои ин кишвар алайҳи яманиҳо аст.

Юсуф Алҳозирӣ, сухангӯи Вазорати тандурустии Яман дар поёни соли чоруми ҷанги эътилофи Саудӣ гуфт: Тайи чор соли ҷанг, 12 ҳазор нафар кушта ва ҳудуди 26 ҳазор нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи сухангӯи Вазорати тандурустии Яман, 32 ҳазор бемор низ ба далели ин, ки наметавонистанд аз кишвар хориҷ шаванд ва дармон ёбанд, фавтидаанд. Ба иборати дигар, ҷамъан дастикам 44 ҳазор яманӣ мустақим ва ғайримустақим дар асари ҷанги эътилофи Саудӣ кушта шудаанд. Аз ин омор 6 ҳазору 361 нафарро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ки дар асари ҷанг кушта шудаанд.

Паҳн гаштани бемориҳои гуногун, бахусус бемории вабо низ ҳосили ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман аст. Мутобиқи оморҳо, ҳудуди як миллиону 400 ҳазор яманӣ ба бемории вабо мубтало шудааанд, ки 3 ҳазор нафар низ дар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Бо ин ҳол, табаоти ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман сирфан куштаву захмӣ ва беморӣ нест, балки 3 миллион нафар овора шудаанд. Аз ҷамъияти 24 миллионии Яман ҳудуди 22 миллион нафар ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд. Ҳудуди 3 миллион кӯдак бо мушкили нимагуруснагӣ мувоҷеҳ ҳастанд ки ҷони 400 ҳазор кӯдак дар асари ин мушкилии шадид дар хатари марг қарор дорад. Беш аз 80 % зерсохтҳои яманӣ низ тахриб шудаанд. Маҷмӯи ин вазъият сабаб шуд, ки то кунун ниҳодҳо ва шахсиятҳои зиёде эълом кардаанд, ки фоҷиаи инсонӣ дар Яман, бузургтарин фоҷиаи инсонии даҳаҳои ахир дар ҷаҳон аст.

Аммо чашмандози ин ҷанг дар оғози панҷумин соли он чӣ гуна аст?

Ба назар мерасад ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман ҳамчунон идома дошта бошад, зеро: Аввал ин, ки Оли Сауд ба ҳеҷ кадом аз ҳадафҳояш даст наёфтааст ва поёни ҷанг дар ин шароит ба маънои пазириши шикаст аст. Муҳаммад ибн Салмон бо озоғи ҷанг алайҳи Яман баробар бо табдил шудан ба қаҳрамони ҷаҳони Арабро дошт. Акнун пазириши шикаст бо руҳиёти валиаҳди ҷавон созгорӣ нгадорад, ҳатто агар даҳҳо ҳазор нафари дигар низ кушта шаванд. Дуввум ин, ки муваффақияти имрӯзии Ансоруллоҳ ва артиши Яман қобили муқоиса бо чор соли гузашта нест. Махсусан, тавонмандии падофандии Ансоруллоҳ ва артиши Яман ба ҳадде тақвият шудааст, ки тавони ворид кардани зарбаҳои сангинро ба Арабистон ва муттаҳидони онро дорад. Севвум ин, ки тавофуқи Стокголм, ки декабри соли 2018 бо назорати Созмони Милали Муттаҳид ба даст омад, амалан бо коршикании Оли Сауд шикаст хӯрдааст.

Воқеият ин аст, ки бӯҳрони Яман сирфан бо иродаи қудратҳои ҷаҳонӣ, бахусус Амрико барои муқобила бо ҷиноятҳои Оли Сауд ва эъмоли фишори ҷиддии байналмилалӣ бар Арабистони Саудӣ хотима хоҳад ёфт. Аммо ин ирода акнун назди давлатмардони Амрико на танҳо дида намешавад, балки давлати Трамп аз ҷиноятҳои Оли Сауд ҳимоят низ мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад