Мушакборон Натанёҳуро ба Тел-Авив баргардонд

Манобеи расонаии саҳюнистӣ эълом карданд, Бенёмин Натанёҳу, ки шаби якшанбе барои дидор бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва суханронӣ дар нишасти солонаи лобии пурнуфузи АЙПАК ба Вашингтон рафта буд, пас аз ҳамла ба Тел-Авив маҷбур ба тағйири барномаи сафари худ шудааст.Субҳи дирӯз, душанбе расонаҳои байналмилалӣ аз ҳамлаи мушакии муборизони фаластинӣ аз навори Ғазза ба шимоли Тел-Авив ва захмӣ шудани ҳаддиақал ҳафт нафар аз сокинони он шаҳр хабар доданд.Бинобар гузориши расонаҳои саҳюнистӣ, Бенёмин Натанёҳу дирӯз, душанбе баъд аз дидор бо Трамп, зудтар аз замони ваъдашуда Вашингтонро ба мақсади Фаластини ишғолӣ тарк мекунад.Пас аз ҳамлаи мушакии фаластиниҳо ба шимоли Тел-Авив, низомиёни исроилӣ дар шаҳракҳои наздики навори Ғазза ба ҳоли омодабош даромадаанд.Ҳамлаи мушакии муборизони фаластинӣ ба Тел-Авив дар шароите сурат гирифтааст, ки дар рӯзҳои ахир ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ чандин бор маконҳоеро дар навори Ғазза ҳадаф қарор дода ва чанд фаластиниро шаҳид ва захмӣ кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад