Мухолифати байнамиллалӣ бо мавзеъи Трамп

Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт, инак замони он фаро расидааст, ки пас аз 52 сол , Вашингтон ба таври комил ҳокимияти Исроилро бар баландиҳои Ҷавлон ба расмият бишносад.

Дар вокунш ба ин аддои Трамп, Вазорати умури хориҷаи Сурия дар баёнияе зимни маҳкум кардани изҳороти раиси ҷумҳури Амрико дар бораи баландиҳои Ҷавлон, онро нақзи қатъномаи 497 Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид донист ва афзуд, Амрико машруияти байналмиллалро ба сухра гирифтааст.

Баҳроми Қосимӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ тасмимоти шахсӣ ва ногаҳонии раиси ҷумҳури Амрикоро барои ҳамаи ҷаҳон хатарнок донист ва гуфт, Ҷавлон бар асоси қатъномаҳои Созмони Миллал Муттаҳид ва Шурои амният, бахши ишғолшудаи сарзамини Сурия ба шумор меравад ва ғайр аз поён ёфтани ишғоли он аз сӯи режими саҳюнистӣ ҳеҷ роҳи ҳалли дигаре барои он вуҷуд надорад.

Ҳамчунин Мария Захарова сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа мавзеъи раиси ҷумҳури Амрикоро дар шиносоии ҳокимияти режими саҳюнистӣ бар баландиҳои Ҷавлон маҳкум кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия низ имрӯз ҷумъа дар нишасти фавқулъодаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Истанбул изҳороти Трампро дар бораи ба расмият шинохтани ҳокимияти Тел-Авив бар Ҷавлони ишғолӣ таъассуфбор хонд ва гуфт, чунин изҳороте минтақаро дар остонаи як буҳрони дигар қарор дода ва мо иҷозаи машруъият бахшидан ба ишғоли баландиҳои Ҷавлонро намедиҳем.

Дар ҳамин ҳол Фарҳон Ҳақ муовини сухангӯи дабирикулли Созмони Миллали Муттаҳид таъкид кард мавзеъи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи баландиҳои Ҷавлон пас аз изҳороти Доналд Трамп ҳеҷ тағйире накардааст ва ин ниҳод ҳамчунон ба қатъномаҳои Шурои амният ва маҷмаъи умумӣ, ки ишғоли баландиҳои Ҷавлони Сурия ба дасти Исроилро иқдоми ғайриқонунӣ медонад, пойбанд аст.

Мая Кутсиянчич сухангӯи Федерика Могеринӣ масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ дар мухолифати ошкор бо изҳороти Доналд Трамп гуфт, бар асоси ҳуқуқи байналмиллал, Иттиҳодияи Аврупо ҳокимияти Исроилро бар сарзаминҳое, ки дар соли 1967 ишғол кардааст, аз ҷумла баландиҳои Ҷавлон ба расмият намешиносад ва онро бахше аз хоки Исроил намедонад.

Аҳмад Абулғайт дабири кулли Иттиҳодияи араб низ панҷшанбешаб гуфт, изҳороти мақомҳои Амрико, ки роҳро барои ба расмият шинохтани ҳокимияти Исроил бар Ҷавлони ишғолии Сурия боз мекунад иқдоме комила хориҷ аз ҳуқуқи байналмиллал ва мардуд аст.

Баландиҳои Ҷавлон минтақае куҳистонӣ аз тавобеъи устони Қунайтара дар ҷануби ғарби Сурия аст.

Режими саҳюнистӣ дар соли 1967 ва дар ҷанги шашрӯза бо аъроб ҳудуди ҳазору 200 километри мураббаъ аз хоки Сурия дар баландиҳои Ҷавлонро ишғол ва пас аз муддате ин минтақаро ба сарзаминҳои таҳти ишғоли худ замима кард.

Аъзои Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар қатъномаи 497 худ дар соли 1981 ҳокимияти саҳюнистҳоро бар Ҷавлони Сурия напазируфтанд ва аз Тел-Авив хостанд, ки қонуни пайвастани Ҷавлон ба Исроилро, ки дар ҳамон сол тасвиб шуд, лағв кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад