Туркия дар дуроҳии Амрико ва Русия

Ба гузороши Тоҷик Пресс, Аввалинбор нест, ки давлатҳои Амрико ва Туркия бо якдигар бар сари масъалае дучори таниш мешаванд. Солҳои ахир ба хусус саҳнаи иртибототи ду кишвар, дорои пастӣ ва баландиҳои фаровоне буда ва борҳо то марзи шикасти равобити байни Амрико ва Туркия пеш рафтааст. Инбор аммо масъалаи падофанди “С-400” матраҳ аст. Давлати Туркия бо раҳбарии Раҷаб Тайиб Ардуғон мусаммам аст то артиши кишварашро ба ин сомонаи пурқудрати русӣ муҷаҳҳаз кунад ва дар ин роҳ бар сари таҳдидоти рез ва дурушти низомён ва давлатмардони амрикоӣ ончунон таваҷҷӯҳе аз худ нишон надодааст.

Моҳи октябр, эҳтимолан моҳи ҳассосе барои Туркия ва дар пайи он Амрикост. Моҳе, ки дар он қарор аст пои сомонаи “С-400” дар Туркия боз шавад. Бар акси онки сарони давлати Туркия, истиқлоли амали давлатро омили аслии мухолифатҳои Амрико бар сари хариди “С-400” медонанд, аммо ба назар мерасад далелҳои дигаре пушти қазия аст ва Амрико нигаронии амиқтаре аз ин рӯйдод дорад. Вашингтон ба хубӣ медонад, ки вуруди таслиҳоти русӣ ба Туркия камкам сабаби сардии равобити байни Амрико ва Туркия шуда ва дар идома сабаби он мешавад, ки давлати Туркия манофеъи миллии худро бар иртибот бо Амрико тарҷеҳ диҳад. Албатта бояд ба хотир дошта бошем, ки Туркия кишваре аст, ки дар он омӯзишҳои низомӣ, артиш ва ҳатто давлатмардон солҳо аст, ки тавассути Амрико омӯзиш дида ва зери назари афсарони амрикоӣ парвариш ёфтаанд ва қатъи комили равобити байни ду кишвар тақрибан ғайримумкин ба назар мерасад аммо инки дар оянда шоҳиди сардии равобити ду кишвар бошем, дур аз воқеият нест.

Аз сӯи дигар Русия аз эҷоди таниш байни Туркия (муҳимтарин узви НАТО) бо Америка хушнуд аст. Русия, ки муҳимтарин таъминкунандаи энергии Туркия аст аз тақвият ва густариши нуфузи иқтисодӣ ва ба дунболи он нуфузи сиёсии худ бар Туркия низ хушнуд аст. Хариди  “С-400” аз Русия, як тасмимгирии муҳимм аст ва Русияро бисёр хушнуд кардааст. Русия бо содир кардани “С-400” ба Туркия фоидаи хубе ба даст меовард.

Аммо нигаронии дигари Амрико дар хариди ин сомона тавассути Туркия, ки аз аъзои НАТО аст, ишрофи иттилоотии русҳо бар тавонмандии ҳавопаймоҳои ҷангии ғарбӣ дар мувоҷиҳа бо “С-400” аст. Вашингтон тарси онро дорад, ки бо вуруди системҳои русӣ ба яке аз аъзои НАТО, Русия битавонад нуқоти заъфи ҳавопаймоҳои ҷангии ғарбиро шиносоӣ ва бар зидди кишварҳои узви НАТО аз онҳо истифода кунад.

Иттифоқи муҳимм аммо он аст, ки хариди ин сомона ҳатто метавонад муқаддимае бар хуруҷи Туркия аз НАТО бошад. Ҳол аммо пурсиши асосӣ он аст, ки оё тарҷеҳи роҳбурди Туркия барои хариди “С-400” ба раванди ҷудоии роҳбурдии Туркия аз НАТО табдил хоҳад шуд?

Дарҳоле, ки то пеш аз ин, Ардуғон тарҷеҳ медод роҳи миёнаеро байни Трамп ва Путин дар пеш бигирад ва бар асоси манофъи кишвараш ба гунае амал кунад, ки ҳосили бозӣ, дар нигоҳи касоне, ки таҳаввулоти минтақаро пайгирӣ мекунанд “бозӣ бо дутараф” ва “сиёсати миёнаравона” ба ҳисоб ояд, аммо ба назар мерасад бо ниҳоӣ шудани масъалаи “Ал-Боғуз” ва тамом шудани ДИИШ дар Сурия, ки дар натиҷаи он бояд Ардуғон таклифи худро бо масъалаи курдҳо равшан созад, имкони бозии дугона барои ӯ бисёр душвортар аз ҳар замоне шудааст.

Агарчӣ масъалаи таҳвили “С-400”-и русӣ ба Анкара ва мухолифати Амрико, чунонки Ардуғон мегӯяд беш аз ҳар чизе ба як баҳонагирӣ аз ноҳияи Амрико табдил шудааст, аммо воқеият он аст, ки дар варои ин масъала ончи Трамп аз Ардуғон интизор дорад он аст, ки вай ба шакли расмӣ урдугоҳи ҳамроҳии худро мушаххас кунад.

Туркия, ки пеш аз ин бино буд нақши ҷонишини сиёсии Амрикоро дар замони ақибнишинии ин кишвар аз Сурия ӯҳдадор шавад, зоҳиран натавонистааст интизороти Амрикоро дар шароити ин ақибнишинии ваъда додашуда ӯҳдадор шавад, бар ҳамин асосҳам ба назар мерасад аз ноҳияи Амрико ба унвони унсури қобили эътимод барои дарёфти “С-400”-и рус ва ё ҳавопаймоҳои ҷангии “Ф-35”-и амрикоӣ шинохта намешавад.

Инки дар поёни роҳ чиқадар Ардуғон ҳозир ба тамкин дар баробари хостҳои Амрико шавадро, гузари замон равшан мекунад, аммо ончи мусаллам аст, инки агар урдуғон ба Амрико тамоюле беш аз ончи токунун нишон додааст нишон диҳад, онгоҳ бояд шоҳиди такрори ин рӯзҳо албатта аз ноҳияи урдугоҳи русӣ бошад, агарчӣ таҷрибаи Ардуғон нишон додааст, ки дар таомул бо Русия, ғолибан аз итминони хотири бештаре бархурдор будааст.

Акнун Ардуғон яқинан бар ин назар аст, ки манофеъи шахсии ӯ ва манофеъи кишвараш дар наздикшудан ба Русия наҳуфта шудааст, ки ба ‏мънои идомаи ҳамкориҳои густардаи иқтисодӣ байни ду кишвар аст, ҳамкориҳое, ки ҳамакнун ҳаҷми мубодилоти ‏тиҷории солонаи он ҳудуди 50 миллиард доллар аст ва мумкин аст бар асоси чашмандози мақомҳои ду кишвар, ин рақам тайи‏ панҷ соли оянда ба 100 миллиард доллар бирасад.

Бавижа дар бахши гардишгарӣ, ки солона 6 миллион гардишгари рус озими ‏манотиқи гардишгарии Туркия мешаванд.

Афзун бар ин, дидгоҳи Маскав дарбораи мавзӯъи курдҳо ва хатарҳои онҳо алайҳи амнияти ‏миллии Туркия, ба дидгоҳи Анкара наздик шудааст.‏

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад