Шикояти Муҳаммадалии Ҳайит аз шиканҷа ва фишор дар зиндон

Гуфткгӯи ҳамсари Муҳаммадалии Ҳайит бо Озодӣ ва Би би сӣ

Ба нақл аз сомонаи centralasian.org, хонум Сарвиниссо Ҷураева ҳамсари Муҳаммадалии Ҳайит гуфта, ки дар мулоқоти ахир бо шавҳараш вай таъкид кардааст, ки агар ҳамчунон мавриди шиканҷа қарор гирад гумон намеравад, ки то шаш моҳи дигар давом биёварад.

Муҳаммадалии Ҳайит ба ҳамроҳи шуморе аз аъзои Шурои сиёсии Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ, ки ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо шуриши генерал Абдуҳалим Назарзода муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 бо ҳукми додгоҳи олии ин кишвар дар таърихи 2 июни соли 2016 ба зиндони абад маҳкум шудааст, дар боздоштгоҳи рақами 1 Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи хонум Ҷураева шавҳараш аз вай дархост кардааст, ки хабари мудовими шиканҷа шуданашро ба иттилои мақомоти додситонии кул, Созмони зиндонҳо, Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Дафтари намояндагии созмонҳои байналмиллалӣ дар Душанбе бирасонад.

Муҳаммадалии Ҳайит муътақид аст, ки шароити нигаҳдории вай дар боздоштгоҳ ба маротиб бадтар аз говдорӣ аст ва маъмурон ҳамвора мехоҳанд, ки ба иртиботи Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломии Тоҷикистон бо шуриши генерал Абдуҳалим Назарзода эътироф кунад ва бо шунидани посухи манфӣ, вайро ба шиддат шиканҷа мекунанд.

Бо ин ҳол Мансурҷон Умаров раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон муддаъӣ аст, ки хабари шиканҷа шудани Муҳаммалалии Ҳайит беасос аст. Қаблан Шурои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид бо беасос хондани иттиҳомоти ворида ба Муҳаммадалии Ҳайит аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карда буд, ки вайро озод кунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад