Афзоиши танишҳо дар Афғонистон таҳдиди ҷадиде барои Осиёи Марказӣ

Бархе расонаҳои Русия дар гузоришҳое масъалаи хуруҷи Амрико аз Афғонистонро баррасӣ карданд.

Дар ин гузоришҳо омадааст: “Намояндагони Санои Амрико пешниҳоди хуруҷи низомёни ин кишвар аз Афғонистонро омода карданд”.

Низомёни Амрико ва муттаҳидони он тайи 18 сол натавонистанд дар Афғонистон фазои эмин ва демократик эҷод кунанд ва дар ин муддат теъдоди сарбозони амрикоӣ дар ин кишвар, давлати Кобул ва раисони ҷумҳури Амрико тағйир карданд, аммо вазъияти Афғонистон ҳамчунон тағйир накард ва амалиёти низомӣ, ҳамалоти террористӣ, куштори низомён ва полиси Афғонистон ҳамчунон идома дорад.

Аммо ҳамзамон чанд ҳазор сарбози амрикоӣ дар пойгоҳҳои низомии эмин зиндагӣ мекунанд ва нақши ҷиддие дар таҳаввулоти Афғонистон надоранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеиятҳо, идомаи ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон бемаъно аст ва дар сурати хуриҷи ин сарбозон, “Вашингтон” беш аз 50 миллиард доллар дар сол сарфаҷӯӣ хоҳад кард зимни инки барномаи хуруҷи низомиён бо раисони “Толибон” ҳамоҳанг шудааст.

Бо хуруҷи низомиёни Амрико, сарбозони муттаҳидон ва созмонҳои низомии хусусӣ низ хоки Афғонистонро тарк мекунанд ва дар ин кишвар муборизаҳои ҷиддӣ байни қудратҳои дохилӣ аз ҷумла Толибон, ДИИШ ва дигар гурӯҳҳо оғоз мешавад.

Амалиёти ба номи “пуштибонии қавӣ”-и Амрико ва НАТО дар Афғонистон аз соли 2015 оғоз шуд, ки дар қолаби он ҳудуди 16 ҳазор низомии кишварҳои узви НАТО бо баргузории давраҳои омӯзишӣ барои артиши Афғонистон, иҷрои амалиёти зиддитеррористӣ ва ҳимояти ҳавоӣ кӯмак мекунанд.

НАТО чунин амалиётеро бо такия бар зерсохтҳои қавӣ дар Кобул, Багром, пойгоҳҳои низомӣ дар Мазор Шариф, Ҳарот, Қандаҳор ва Лағмон иҷро мекунад.

Пояи ҳуқуқии амалиёти зикршуда, тавофуқномаи байни давлати Афғонистон ва НАТО аст ва Созмони Милали Муттаҳид низ бо ҳузури низомёни хориҷӣ дар Афғонистон мувофиқат мекунад.

Ҳаминтавр, ки мебинем Амрико ба таври қонунӣ барои ҳимоят аз Кобул, эҷоди нерӯҳои мусаллаҳи қавӣ ва фаъол кардани институтҳои демократик вориди Афғонистон шуд, аммо Вашингтон таҷрибаи Шӯравӣ дар Афғонистонро ба таври кофӣ баррасӣ накард ва ҳаргуна талош барои ислоҳи иҷбории ҷомеаи афғон ба натиҷаи қонеъкунандае мунҷар нашудааст.

Бинобарин, иқдомоти Амрико дар Афғонистон, бемаъно ва ҳамроҳ бо ҳазинаҳои қобили таваҷҷӯҳ будааст.

Дар рутбабандии кӯмакҳои низомии ҷаҳонӣ, Афғонистон дар рутбаи 74 аз 137 кишвар қарор дорад ва беш аз 300 ҳазор нафар дар бахши таъмини амнияти ин кишвар фаъол ҳастанд ва ин теъдод барои кишваре бо ҷамъияти 36 миллионӣ кофӣ аст, аммо давлати муассир ва нерӯҳои мусаллаҳи пойдор эҷод нашудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба авомили зикршуда, пирӯзӣ бар мухолифони мусаллаҳ ва одисозии вазъияти кишвар, дастнаёфтанӣ аст.

Давлати Афғонистон таҳти назорати Амрико, бахши бузурге аз хоки ин кишварро контрол намекунад ва созмонҳои шибҳинизомӣ мавозеъи худро тақвият мекунанд ва 65 дарсади ҷамъияти ин кишвар таҳти контроли Толибон қарор дорад.

Фаъолияти созмонҳои ифротӣ дар манотиқи шимолии Афғонистон боиси нигаронии Кобул, Душанбе ва Тошканд аст ва Вашингтон қобилияте барои ҳалли ин масъала надорад ва ба дигар бозигарон низ фурсате барои барқарории сабот дар Афғонистон намедиҳд.

Ҳамчунин Вашингтон ба Москва иҷозаи ҳузур дар фарояндҳои одисозии вазъияти ин кишварро намедиҳад ва дар нишасти НАТО дар моҳи майи 2017 тасмим бар тамдиди амалиёти Пуштибонӣ то соли 2020 гирифта шуд.

Иттиҳодияи Аврупо омодаи ихтисоси ҳудуди 18 миллиард доллар барои ислоҳоти давлати Афғонистон аст, аммо он ҳам танҳо то соли 2020 мебошад.

Соли 2020 наздик мешавад ва сарнавишти Тоҷикистон ва Узбакистон бисёр вобаста ба таҳаввулоти Афғонистон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад