Тақдими “нишони зулфиқор” ба сардор Сулаймонӣ

Нишони «зулфиқор» олитарин нишони низомии Эрон тавассути раҳбари ин кишвар ба сардори Қосим Сулаймонӣ эҳдо шуд.

Алӣ Шерозӣ, намояндаи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Неруи қудси сипоҳ эҳдои нишони «зулфиқор» аз сӯи фармондеҳи муаззами кулли қуво ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаиро ба сардор Қосим Сулаймонӣ табрик гуфт.

Матни ин паём ба шарҳи зер аст:

Бародари азизу гиромӣ, сардори сарлшкари посдор ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ

Дарёфти нишони зулфиқор, болотарин медали ифтихори Ҷумҳурии Исломии Эрон аз дасти фармондеҳи муаззами кулли қуво ҳазрати имом Хоманаии азизро ба ҷаноби олӣ, миллати шарифи Эрон, фармондеҳон ва кормандони Неруи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ҷабҳаи муқовамат ва ба тамоми дӯстдорони сардор табрик ва таҳният арз мекунам ва ба сабаби ризояти муқтадоямон аз ҷаноби олӣ ва хадамоти содиқона ва холисонаи шумо ба худ меболам ва аз Худованди азизу меҳрубон иззати беш аз пеши шуморо хоҳонам. Муваффақу пирӯз ва сарбаланд бошед.

Намояндаи раҳбарӣ дар Неруи қудси СПИЭ

Бародаратон Алӣ Шерозӣ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад