Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи ҷаҳонии зан

Ба гузориши Тоҷик Пресс Раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар ин паём ҳадаф аз эъломи соли 2018 ба унвони соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019 то 2021-ро ба унвони солҳои рушди рустоҳо, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иштиғоли ҳарчи бештари занон ва духтарон эълом кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз барномаи миллии боло бурдани нақши занон дар Тоҷикистон дар солҳои 2011 то 2020 ба унвони барномаи беҳбуди авзои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии бонувон ёд кардааст.

Таъкиди ҳукумати Тоҷикистон бар иштиғол ва беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва маънавии бонувон дар солҳои охир дар шароите аст, ки бо вуҷуди баъзе пешрафтҳо, ҳанӯз мушкилоти фаровоне домангири ин қишри ҷомеа аст.

Дар ҳамин замина ҳамасола бахши қобили таваҷҷуҳе аз бонувон тоҷик ночор мешаванд дар ҷустуҷӯи кор кишварашонро тарк кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад