Насруллоҳ: “Дар чанги иқтисодӣ ҳам сарбаланд хоҳем буд”

Ба гузориши Тоҷик Пресс, ба нақл аз шабакаи хабарии Алманор, Сайидҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳ ба муносибати 30-умин солгарди таъсиси Ҳайати ҳимоят аз муқовимати исломӣ суханрони кард.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар оғози суханронии худ бо ишора ба чигунагии шаклгирии Ҳайати ҳимоят аз муқовимат дар Лубнон гуфт: “Ин ҳайат дар оғоз будҷа ва имконоти каме дошт, аммо бунёнгузорони он талош карда ва ҳар коре барои ҷамъоварии амвол ва ҳимояти мудовим аз муқовимат карданд. Ман аз бародарон ва хоҳарони масъул дар ин ҳайат ташаккур мекунам.

Ҳамчунин аз ҳамаи касоне, ки дар ин ҳайат дар муддати 30 сол масъулият бар ӯҳда доштанд, ташаккур мекунам, хусусан хоҳароне, ки бахши аъзами ин ҳайатро ташкил медиҳанд ва бештарин фаъолиятро дар он доранд. Ба амонатдорӣ ва диққат ва посдорӣ аз байтулмол ва кӯмакҳои билоивази ироа шуда ба ин ҳайат шаҳодат медиҳам. Шумо амонатдорони барҳақ ва содиқе ҳастед, ки ин амонатро ба аҳли он мунтақил мекунед.‎

Ман аз ҳамаи касоне, ки пул ва кӯмакҳои моддӣ ба Ҳайати ҳимоят аз муқовимати исломӣ ироа доданд то ба соҳибони он бирасад, ташаккур мекунам.‎

Дар солҳои гузашта дар ҷараёни набардҳо бо террористҳо дар минтақаи Биқоъ дар шарқ Лубнон ва берун рондани такфириҳо аз манотиқи кӯҳистонии ин минтақа, шоҳиди мардуме будем, ки исрор доштанд, ки ниёзҳои ғизоии муборизони муқовиматро таъмин кунанд, бо инки ин муборизон ниёзе ба пул ё ғизо надоштанд. Мардум дар рӯзҳои душворӣ ва сахтӣ дар хонаҳои худ пул ҷамъ карданд. Мо ин равандро ҳамчунин дар рӯзҳои ҷанг дар ҷануб ва рӯзҳои ҷанги 33 рӯза ва қабл аз соли 2000-и мелодӣ шоҳид будем. Мо аз ин мардум, қудрат мегирем ва идома медиҳем.‎

Ҳайати ҳимоят аз муқовимати исломӣ фурсати тавсеаи майдони ҷиҳод ва муборизаро фароҳам кард, зеро муқовимат бо ҷони худ муҷоҳидат мекунад ва хонаводаҳо, азизтарин аъзои худро тақдим мекунанд. Арсае барои ҷиҳод бо амвол вуҷуд дорад, зеро ҳар муқовимате ба амвол ниёз дорад. Ин амр бино ба суннати ҳаёт ва суннати илоҳӣ, яке аз аносури қудрати табиӣ аст. Даъвати Паёмбари Акрам (с) ниёз ба амволи ҳазрати Хадиҷа (с) дошт”.

Сайидҳасан Насруллоҳ бо ишора ба меҳварҳои суханронии худ гуфт: “Аввалин парванда дарбораи таҳримҳои Амрико ва муҳосираи молӣ ва феҳристҳои террористӣ аст, ки охирини он, тасмими Англис барои қарор додани шохаи сиёсии Ҳизбуллоҳ дар феҳристи террористии ин кишвар буд. Пешбинӣ мешавад, ки таҳримҳои Амрико зидди маҷмуъаи ҷунбишҳо ва меҳварҳои муқовимат афзоиш ёбд.‎

Шикастҳои паёпай ба Амрико ва Исроил ва тарҳҳои онҳо дар минтақа ворид шудааст ва ин амр, равшан ва ошкор аст.‎

Мардуми навори Ғазза, устувор ва пойдор ҳастанд. Вазъияти Эрон низ ҳамин тавр аст, Эрон дар баробари таҳримҳо пойдор аст.‎

Касоне, ки аз мо ҳимоят мекунанд, ба ҳимоят аз муқовимати исломӣ идома медиҳанд.

Таҳримҳои кунунӣ бахше аз ҷанги иқтисодӣ, равонӣ ва молӣ аст, ки зидди мо ба роҳ афтода ва ҷараён дорад.

Бо вуҷуди ҳамаи рӯйдодҳо ва гуфтаҳо, орзуҳои онҳо барбод хоҳад рафт, зеро ҳаргиз нахоҳанд тавонист моро муҳосира кунанд.‎

Аҳзоби муқовимат дар баробари тарҳи Амрико ва Исроил истодаанд ва набард дар Ироқ ва дар Сурияро ба таври комил (ба нафъи худ ) яксара карданд. Набард дар Лубнон низ яксара шуд ва дар Яман низ муқовимат ҳамчунон устувор ва пойдор аст.‎

Онҳо моро дар феҳристҳои терроризм қарор медиҳанд ва зидди мо иқдомоти танбиҳӣ иттихоз мекунанд, зеро мо онҳоро шикаст додем ва дарҳам шикастем ва қавитар ва боиззат ҳастем ва аз ҳокимият ва миллат ва кишвари худ дифоъ мекунем.‎

Онҳо баъд аз шикаст дар ҳамаи ин ҷангҳо, имрӯз нотавон аз ҳар коре ҳастанд. Чӣ коре мехоҳанд анҷом диҳанд? Амрико дар Ироқ ва Афғонистон шикаст хӯрд ва ҳар рӯз дар Яман шикаст мехурад. Артиши Исроил аз анҷоми ҳаргуна ҷанге ҳарос дорад. Онҳо ба сомонаҳои худ эътимод надоранд ва сомонаи Тод-и Амрикоро овардаанд.

Салобат ва қудрати мо афзоиш ёфтааст. Азм ва қудрати муқовимат бештар шудааст. Таҳримҳо ва феҳристҳои терроризм, ҷанге дар ин росто аст. Бояд бо он ба гунаи як ҷанг бархӯрд кард. Ин ҷанги иқтисодӣ ва молӣ аст ва бояд бо он муқобила кунем.

Ин ҷанг танҳо зидди мо нест. Таҳримҳо бар зидди Эрон ва Сурия низ ташдид шудааст. Ончиро, ки натавонистанд аз тариқи ҷанги низомӣ ба даст оваранд, мехоҳанд аз тариқи таҳмил кардани сахтиҳо ба миллати Сурия ба даст оваранд. Муҳосира алайҳи Фаластиниҳо дар Ғазза ва Карона идома дорад ва дар Яман шоҳиди муҳосираи молӣ ва иқтисодӣ ҳастем ва таҳримҳо ва феҳристҳои террористӣ алайҳи ҳамаи мо идома дорад.

Бунёни мо ҳамчунон қудратманд ва мустаҳкам боқӣ хоҳад монд ва идома хоҳад ёфт. Бо таҳримҳо бо сабр ва таҳаммул ва мудирият ва созмонедҳии авлавиятҳо муқобила хоҳем кард. Метавонем аз ин ҷанг убур кунем.‎

Ба онҳо мегӯем, ки ба орзуҳои худ нахоҳед расид. Бар қудрат ва азм ва тавон ва таъсири ин муқовимат афзуда хоҳад шуд ва онҳо пирӯзиҳои бештаре касб хоҳанд кард.

Бо рӯи кор омадани навмуҳофизакорон, тарҳи Амрикоии густардае барои султа бар минтақа вуҷуд дошт, ки бо пойдории муқовимат дар Лубнон ва Фаластин ва Сурия ва Эрон, ин тарҳ дар минтақаи мо шикаст хӯрд.‎

Аз соли 2011-и мелодӣ, барои сарнагун кардани Сурия ва Ироқ ва Яман талош шуд ва бисёре аз кишварҳои минтақаӣ абзорҳои ин тарҳ буданд ва муҷаддад, ҷунбишҳои муқовимат дар баробари ин тарҳ истоданд ва ин тарҳ низ шикаст хӯрд.‎

Ин меҳвари муқовимат аз Фаластин гирифта то Эрон буд, ки дар баробари тарҳи Трамп мавсум ба “Муъомилаи қарн” дар минтақа истод.‎

Шояд бо бархе сахтиҳо мувоҷеҳ шавем, аммо ҳаргиз нахоҳанд тавонист азм ва ирода ва пойдории моро мутаваққиф кунанд. Мо метавонем бо тадбир ва ирода аз ин ҷанг гузар кунем.‎

Имрӯз ниёз ба фаъолсозии талоши бародарон ва хоҳарон дар Ҳайати ҳимоят аз муқовимати исломӣ дорем.‎

Чанд ҳафта пеш, дарбораи ҳимояти миллати Яман сӯҳбат кардем ва бо фаъолиятҳои сода, беш аз ду миллион доллар ҷамъ ва ба бародарон дар Яман таҳвил дода шуд.‎

Имрӯз эълом мекунам, ки ба ин кӯмак ва ҳимояти мардумӣ ва Ҳайати ҳимоят аз муқовимати исломӣ ниёз дорем. Мо ниёз ба фаъолсозии кори ин ҳайат ҳамонанди қабл аз соли 2000 дорем зеро бо набарде рӯбарӯ ҳастем.‎

Баъд аз соли 2006-и мелодӣ ва дар натиҷаи ҳимояти густурда ба вижа аз тарафи Эрон, ба шумо гуфтам, ки чӣ басо ниёзе ба амвол нахоҳем дошт, аммо ба фаъолияти худ идома диҳед.‎

Ҳайати ҳимоят аз муқовимат бояд фурсати ҷиҳод бо амволро омода кунад.‎

Вақте мубориза бо фасод дар Лубнонро эълом кардем, гуфтем, ки кори асосӣ дар идороти кишвар хоҳад буд зеро ҳамагон ҳушдор доданд, ки кишвар рӯ ба варшикастагӣ меравад.

Дар мубориза бо фасод, мо дар як марҳалаи сарнавиштсоз қарор дорем, ки сарнавишти кишварро таҳдид мекунад, зеро фурӯпошии молӣ ва варшикастагӣ ба маънои аз даст рафтан кишвар аст.‎

Дар мубориза бо фасод, мо худро дар баробари вазифаи посдорӣ аз Лубноне мебинем, ки барояш шаҳид додем. Мо дар маъмурияти мубориза бо фасод, худро пеши рӯи як маъмурияти ҷиҳодӣ ва миллӣ мебинем, ки қидосати он камтар аз муқовимат дар баробари ишғолгарон ва тарҳи саҳюнистӣ дар минтақа нест.‎

Имрӯз наметавон дар муқобили фасод сукут кард, зеро моро ба ин марҳалаи хатарнок расондааст ва кишварро ба фурӯпошӣ таҳдид мекунад. Мо барои кор ё касби мақбӯлият вориди мубориза бо фасод намешавем, зеро агар ба дунболи ҳаргуна ҳадафи сиёсӣ дар амри мубориза бо фасод будем, хоҳони ташкили давлати ваҳдати миллӣ намешудем. Ҳадафи мо аз мубориза бо фасод, пешгирӣ аз ҳадаррафтани амволи умумӣ ва посдорӣ аз ниҳодҳои кишвар аст.‎

Мо намехоҳем ба танҳоӣ дар набарди мубориза бо терроризм бошем, балки мехоҳем, ки ин набарди ҳар як аз Лубнониҳо аз ҳама ҷараёнҳои сиёсӣ ва дар навбати аввал дастгоҳи қазоӣ бошад. Ин як набарди воҳиди миллӣ аст.‎

Бо талош барои табдили ин набард ба набарди тоифаӣ ва сиёсӣ муқобила хоҳем кард.‎

Ба ҳамагон бо ҳамон лаҳн ва мантиқи гузашта мегӯем, ки дил ба хасташудани мо набандед, зеро мо аз муқовимат дар баробари ишғолгарон хаста нашудаем, зеро муқовимат дар даврони ҷавонии худ ба сар мебурд. Дил ба ноумед шудани мо набандед, зеро мо ҳаргиз дучори ноумедӣ нахоҳем шуд. Медонем, ки ин набард, набарде душвор ва тӯлонӣ аст ва ба замон ва сабр ва истиқомат ва тадовум ниёз дорад.‎

Муқовимат ба кӯмак ниёз дорад ва Ҳайати ҳимоят аз муқовимати исломӣ ниёз дорад, ки бо қудрат, фаъолиятҳои худро иҷроӣ кунад, зеро мо дар қалби набард ҳастем.‎

Мо дар ҷануб барои дифоъ аз меҳан ҷангидем ва ҷангидани мо дар Сурия низ барои дифоъ ва посдорӣ аз Лубнон буд.‎

Бархе мегӯянд, ки Ҳизбуллоҳ баъд аз поёни набарди Сурия, коре надорад ва аз инрӯ аст, ки ин парванда (мубориз бо фасод)-ро боз кардааст. Бархе мегӯянд, ки ҳадафи Ҳизбуллоҳ касби мақбулият аст. Мо аз бештарин мизони мақбулияти мардумӣ бархурдор ҳастем ва натоиҷи интихобот гувоҳи ин муддао аст. Бархе мегӯянд, ки ҳадафи Ҳизбуллоҳ интиқомгирии сиёсӣ аст, ки ин гуфта аслан дуруст нест, зеро агар ингуна буд дар ташкили давлат, мушорикат намекардем.‎

Мо дар набарди мубориза бо фасод ва ҳадар рафтани амвол, мехоҳем ба ҳадаф бирасем. Барои мо муҳим нест, ки дастоварди сиёсӣ ё расонаӣ касб кунем. Ончи бароямон муҳим аст, мутаваққиф кардани ҳадар рафтани амвол аст. Фарди фосид бояд амволи ба яғмобурда аз кишварро бозгардонад. Мо бо касе дар ин набард рақобат намекунем.

Мо хоҳони пешгирӣ аз фурӯпошии иқтисодӣ ва молӣ ва мутаваққиф кардани сирқати амволи умумӣ ҳастем.

иттиҳомзанӣ ва тавҳин барои мо муҳим нест. Ҳаркас дар бораи ҳар чизе мушкиле дорад ба дастгоҳи қазоӣ муроҷиат кунад. Дил ба тарси мо аз фитнаи мазҳабӣ ё дохилӣ набандед, ки ақибнишинӣ кунем. Мо то интиҳои мубориза бо фасод, пеш меравем ва метавонед интизори ҳар чизеро аз Ҳизбуллоҳ дар ин набард дошта бошед.

Ҳаркас ба сӯҳбатҳои мудири кулли Вазорати дороӣ гӯш диҳад, мефаҳмад, ки Лубнон бо як фоҷиа рӯбарӯ аст. Бояд дарбораи ин сӯҳбат бисёр андешид. Лизо мо бо парвандаи муҳосибот дар Вазорати дороӣ шурӯъ кардем, зеро ин парванда, парвандае калидӣ ба шумор меравад, на инки хоста бошем бо ин кор зидди бархе шахсиятҳо иқдом кунем.‎

Ҳаряк аз ҷараёнҳо дар давлат, вазире дорад ва бояд аз онҳо дар корашон дар дохили вазоратхонаҳо ҳимоят кунад то пеши ҳадар рафтани амвол гирифта шуда ва қонун иҷро шавад.‎

Имрӯз дар 30-умин солгарди оғоз ба кори Ҳайати ҳимоят аз муқовимати исломӣ, бояд набарди муқовимат ва набарди мубориза бо фасодро такмил кунем то кишвари мо қавӣ ва боиззат ва сарбаланд ва тавонманд ва қодир ба муқобила бо ҳамаи чолишҳо боқи бимонад.‎

Табиӣ аст, ки аносури фосид ва сориқ ва чаповулгари амволи умумӣ дар баробари набарди мубориза бо фасод аз худ дифоъ хоҳанд кард ва нахоҳанд гузошт то ин набард густариш ёбд, зеро ин набард ба пирӯзӣ хоҳад расид ва онҳо ҳастанд, ки ҳазина хоҳанд дод ва муҷозот хоҳанд шуд”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад