Аввалин нишасти матбуоотии Гадоев Шарофуддин узви Шурои ПМТ аз Амстердам

Ҳадаф фақат ман набудам балки Муҳиддин Кабирӣ буд

Ба ман дар таҳхона се пешниҳод карданд:

1.Аз омадани ман касе хабар надорад ва мо метавонем аз тариқи шиканҷа ҳар ахбореро, ки лозим аст, дастрас кунем ва баъдан туро бикушем.

2.Мо тариқи зӯрӣ ҳар чизи лозимро аз шумо мегирем ва бисёр агар раҳм кунем, 25 сол зиндонат мекунем ё умрбод.

3.Шумо бо мо ҳамкорӣ мекунед ва шуморо нимозод мегузорем. Нимаозод ба маъное, ки таҳти назорати мо мешавӣ ва ҳарчӣ мо гуфтем, ҳамонро анҷом медиҳӣ…

Рӯзи 7 март Шарофиддин Гадоев, роҳбари ҷунбиши оппозитсионии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” дар дафтари созмони Human Rights Watch дар шаҳри Амстердам, пойтахти Ҳолланд барои расонаҳои байналмилалӣ нишасти хабарӣ дод. Шарофиддин Гадоев рӯзи 15 феврал ба таври ногаҳонӣ дар Душанбе пайдо шуд. Мақомот гуфтанд, ки ӯ аз карда сидқан пушаймон шуда, ихтиёран баргаштааст. Вале баъдан видеои аз пеш сабткардаи Гадоев нашр шуд, ки мегуфт, агар ногаҳон дар Душанбе пайдо шавад, ин ба маъноест, ки ӯро рабудаанд. Дар натиҷаи фишорҳо ва миёнаравиҳо мақомоти Тоҷикистон рӯзи 2 март Гадоевро ҷавоб доданд ва ӯ ба Аврупо баргашт. Шарофиддин Гадоев гуфт, рӯзи 7 март дар суҳбат бо журналистон тамоми тафсилоти моҷарои ба сараш омадаро қисса мекунад.

Қисмате аз пораҳои суҳбати Гадоев бо хабарнигоронро инҷо бихонед:

Вақте моро ба Русия даъват карданд ва хеле мехостанд, ки худи Муҳиддин Кабирӣ ҳам биояд, Кабирӣ эҳсоси нигаронӣ дошт ва гуфт, ки беҳтараш наравам. Вале ман фикр кардам, ки Кабирӣ шояд аз эҳтиёткорӣ инро мегӯяд ва гуфтам, ки не, ман меравам.

Дар Маскав рӯзи 13 феврал мо дар тарабхонаи “Гудман” бо Максим вохӯрдем, ӯ гуфт, ки рӯзи 14 феврал бо шумо намояндаи дастгоҳи президенти Русия мулоқот мекунад ва рӯзи 15 – намояндаи Шӯрои амният. Бори дуюм меҳмонхона ба номи ман набуд.

Соати 17:45 вақте Максим омад, мо тахминан соати 18 бо як мошини БМВ-и рангаш сафед ҳаракат кардем. Баъди ягон 15-20 дақиқа дар паҳлуи як истгоҳ дар канори роҳ дар паҳлуи як мини-вэни сиёҳшиша истоданд. Максим фаромада, бо онҳо ягон се дақиқа суҳбат кард ва сипас ба ман гуфт, ки ба мошини онҳо шинед. Вақте ки аз мошин фаромадам, маро 8-9 нафар гирд карда, дар мини-вэн шинонданд. Ҳама либосу шапкаву мӯзаи якхела доштанд ва гӯшҳои ҳамааш гӯшӣ буд. Онҳо гуфтанд, ки аз ВКД Русия ҳастем ва ҳамроҳашон як нафар бо либоси расмии пулиси Русия ҳам буд.

Вақте дар мошин шинонданд, ба дастам завлона зада, сару рӯ ва даҳонамро бо скотч бастанд. Баъд ба сарам пакети пластикии сиёҳ пӯшонда, боз аз нав скотч карданд ва фақат каме онро сӯрох карданд, ки нафас гирифта тавонам.

Як соат бо мини-вэн ҳаракат кардем. Гумон доштам, ки ягон ҷангал бурда, маро мекушанд.

Баъди як соат маро ба як мини-вэни дигар гузаронданд. Мошини дуюм ягон сӣ дақиқа ҳаракат карду истод. Вақте истод, садои ҳавопаймо ба гӯшам омад ва фаҳмидам, ки маро ба Тоҷикистон фиристодан мехоҳанд.

Ман скотчро кандам, то ба онҳо бигӯям, ки ман ин ҳолатро пешбинӣ мекардам ва тайёрӣ дидаам. Вақте имкони дидан пайдо шуд, дидам, ки дар даруни ин мошин кормандони ФСБ нишастаанд, чунки нишонаи ФСБ дар пушти яке аз онҳо намудор мешуд.

Ман гуфтам, ки ин амали шумо дуздии байналмилалӣ аст, ман дар Ҳоллан мақоми паноҳандагӣ дорам. Вале маро аз пушт заданд.

Баъди ним соат занге ба онҳо омад ва онҳо тамоми сару либос ва бадани маро кофтуков карданд, ки дар баданам ягон асбоби гӯшкунанда набошад.

Мо тахминан 4 соат дар беруни фурудгоҳ мондем. Баъди дохил шудан завлонаҳои дасти маро иваз карда, маро ба назди зинапояҳои ҳавопаймо бурданд ва дохили тайёра савор карданд.

Маро бурда, дар як кунҷ ҷо карданд, ки касе аз мусофирон маро набинад. Ман фақат садои кӯдакон ва дигар мусофиронро мешунидам, ки тоҷикӣ гап мезаданд. Ман хостам ба мардум хабар расонам, ки “Ман Шарофиддин Гадоев ҳастам ва маро дуздидаанд.”

Кормандони мақомот ва кормандони “Сомон Эйр” омада, маро ба замин афтонданд, ки хап кунам. Як корманди “Сомон Эйр” чанд бор сари маро ба рӯи фарш зад. Сипас маро ба курсӣ шинонда, дастонамро бастанд ва 4 нафар дар атрофи ман то Душанбе истоданд, ки ягон садо баланд накунам.

Бояд бигӯям, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳаққи бидуни қарори додгоҳ дар бораи истирдод ҳаққи ба ҳавопаймо бор кардани нафареро надорад. Вале “Сомон Эйр” нафақат ҳамшарик буд дар бурдани ман, балки кормандонаш ҳамчунин дар задани ман ҳамроҳ шуданд.

Вақте ба Душанбе расидем, маро ба таҳхонаи ВКД бурда, латтукӯб карданд. Сипас ба назди ман афсаре омад, ки худро Бахтиёр Назаров, муовини сардори раёсат муаррифӣ кард.

Ба ман се пешниҳод карданд:

1.Аз омадани ман касе хабар надорад ва мо метавонем аз тариқи шиканҷа ҳар ахбореро, ки лозим аст, дастрас кунем ва баъдан туро бикушем.

2.Мо тариқи зӯрӣ ҳар чизи лозимро аз шумо мегирем ва бисёр агар раҳм кунем, 25 сол зиндонат мекунем ё умрбод.

3.Шумо бо мо ҳамкорӣ мекунед ва шуморо нимозод мегузорем. Нимаозод ба маъное, ки таҳти назорати мо мешавӣ ва ҳарчӣ мо гуфтем, ҳамонро анҷом медиҳӣ.

Дар ҳамин давра Шоҳрух Саидзода вориди таҳхона шуданд. Ӯ ба ман салом дод ва аз Бахтиёр Назаров пурсид, ки пешниҳодҳоро кардед? Ба ман гуфтанд, ки ҳар пешниҳодро, ки интихоб кунед, мо онро мепазирем.

Ман гуфтам, дар мавриди пешниҳоди сеюматон фикр мекунам.

Шоҳрух баъди ин баромаду рафт ва ба ман пешниҳод карданд, ки шумо дар назди камера эътироф кунед, ки мухолифин аз созмонҳо ва кишварҳои Аврупо пул мегиранд ба хотири ноором сохтани ҷомеаи Тоҷикистон. Мехостанд бигӯям, ки мухолифонро дар Мозандарони Эрон дар як маконе мағзшӯӣ мекунанд. Мехостанд бигӯям, ки гӯё Муҳиддин Кабирӣ бо худаш санг мегардонад ва мисли шиъаҳо бо санг намоз мехонад. Бояд мегуфтам, ки Кабирӣ ва атрофиёнаш шиъа шудаанд ва мардумро ба мазҳаби шиъа даъват мекунанд.

Гуфтанд, ки бо мардум мулоқотҳо ташкил мекунем ва шумо ба мардум ин ҳамаро мегӯед.

Гуфтанд, агар ин корҳоро кунед, роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон шуморо мебахшад ва мо шуморо афв мекунем. Ман гуфтам, фикр мекунам.

Баъди ягон якуним соат Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазири дохила, Амирбек Бекназаров, муовини раиси Кумитаи дин ва Аҳтамхон Пиров, се генерал ба назди ман омаданд ба таҳхона ва гуфтанд, ки аз назди президент омадем, Ятимов ва Рамазон Раҳимзода ҳоло пеши президентанд ва мунтазири ҷавоби шумоанд, ки пешниҳоди моро қабул мекунед? Гуфтанд, ки президент баъди ин шуморо афв мекунад.

Ман кӯшиш кардам, ки ба ин бозӣ ворид шавам, чун дидам, ки дар ин бозӣ одамони калон, аз ҷумла президент низ ворид ҳастанд. Ба хулосае омадам, ки аз худ дарак диҳам, то ҳама фаҳманд, ки маро ба Тоҷикистон овардаанд.

Сипас маро гирифта, ба як бӯстонсаро ба дараи Варзоб бурданд. Онҷо ягон 10 нафар кормандони мақомот дар атрофи ман буданд ва дар ҳалқаи дуюм ягон 10 нафари мусаллаҳ аз гуруҳи “Алфа”. Боз як гуруҳ хабарнигорону наворбардорон аз ВКД онҷо буданд.

Видеои 13-дақиқагиеро, ки нашр шуд, ягон якуним соат сабт карданд, чунки бисёр чизҳоеро, ки мехостанд, намегуфтам, ё гуфта наметавонистам. Аз ҷумла талаб мекарданд, то “Асосгузори сулҳу ваҳдат – пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бигӯям”, номи раиси шаҳри Душанберо зикр кунам ва гӯям, ки ин ҷо ободӣ аст, фазо озод аст. Дақиқан хилофи ончӣ ки қабл аз ин дар Фейсбук мегуфтам.

Ман мисли як актёр шудам дар дасти ин се генерал – Аламшозода, Пиров ва Бекназаров.

Ман, ки шаб хоб нарафта будам, латтукӯб шуда будам, хаста шудам ва дигар ҳарчӣ мегуфтанд, такрор мекардам.

Баъдан маро ба ШВКД фурудгоҳ бурда, онҷо “кино” гирифтанд. Ман бояд рафта дарро тақ-тақ мекардам ва шиносномаамро нишон медодам, вале онҷо ягон шиноснома набуд, шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагии як нафар буд, ки ба дастам доданд.

Сипас маро ба ВКД бурда, ягон ду соат пурсупос карданд, ки чӣ хел рафтеду куҷо рафтеду чӣ кор мекардед?

Баъди ду соат занг заданд, ки дар Фейсбук бовар намекунанд, ки ман бо хоҳиши худам омадаам, балки мегӯянд, ки маро дуздида овардаанд. Ва занг заданд, ки маро ба шуъбаи назди фурудгоҳ биоранд ва онҷо як журналист бо ман суҳбат мекунад.

Вақте ки онҷо оварданд, мо ягон як соат интизор будем, ба ман мефаҳмондам, ки дар назди журналист бигӯ, ки бо хоҳиши худам омадам, чунки хаста шудам.

Баъд Лида Исамова ном зан аз РИА Новости омад. Ин зан дид, ки ман дар иҳотаи генералҳо ва кормандони “Алфа” қарор дорам. Дид, ки ин ҳама саҳнабозӣ аст, вале ончӣ, ки ҳукумат мехост, ки ман гӯё бо хоҳиши худам омадаам, бо фаҳмондадиҳии кормандони ВКД. Онҳо мехостанд, ки ман ба ин зани журналист ҳамин гапҳоро гӯям.

Баъде ки тамом шуд, сардори раёсати ВКД, ки домоди Рамазон Раҳимзода аст, ба он зан гуфт, ки “вот ваш 500, мой водитель доставит вас”. Ман намедонам, ки вай 500 евро буд, доллар, ё сомонӣ, вале дигар бовариам ба он журналист намонд.

Шаб маро ба бӯстонсаро бурданд ва шаб онҷо маро кормандони Алфа ва ВКД нигоҳбонӣ мекарданд.

Рӯзи дигар соати 9 ё 10 буд, ки генералҳо Пиров ва Бекназаров ба бӯстонсаро омаданд. Онҳо гуфтанд, ки Кабирӣ шаб дар баромадаш гуфтааст, ки онҳо видеое доранд, ки ин қазияро дигар хел нишон медиҳад.

Баъди ин модару хоҳарбузургамро оварданд ва гуфтанд, шумо се нафар мешинед ва ончӣ ки мо мегӯем, такрор мекунед. Ба модарам гуфтанд, ки агар озодии фарзандатонро хоҳед, ин корро бояд анҷом диҳед. Ва модари ман маҷбур шуд, ки ин корро кунад.

Онҳо мехостанд, ки модари ман мисли дигарон бо лаҳни тунд ба Кабирӣ ва ба ҳизби наҳзат лаънат фиристад. Вале модари ман маҷбур шуданд, ки ин суханҳоро гӯянд. Ман ба онҳо мегуфтам, ки ба ин корҳои чиркин ҳамроҳ кардани модар, ки муқаддас аст, кори дурусту ғайриинсонӣ аст, вале онҳо гӯш накарданд ва модари маро маҷбур карданд, ки гапҳои онҳоро такрор кунад. Модарам намехост, вале ӯро метарсонданд, ки агар накунӣ ин корҳоро, бачаатро маҳкам мекунем.

Фишори модари ман то 170-180 хеста буд ва бояд истироҳат мекард, вале онҳо ҳамагӣ як соат мунтазир шуданду дар ҳамин ҳолати фишори баландаш он мусоҳибаро сабт карданд.

Рӯзи 16 феврал маро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гузаронданд. Кормандони КДАМ омада, маро аз бӯстонсарои ВКД ба бӯстонсарои дигар бурданд.

Соати ҳашти шоми ҳамон рӯз Саймӯмин Ятимов, раиси КДАМ ба назди ман омад. Мо ҳудуди 5 соат онҷо суҳбат доштем, чунки вақте рафтанд, соати қариб яки шаб буд.

Ятимов гуфт, ки шумо аз Тоҷикистон ҳаққи берун баромадан надоред. Ман дар бозии онҳо ворид шуда будам ва мехостам ҳадафҳояшонро фаҳмам.

Пурсид, ки муносибатат бо Кабирӣ чӣ гуна аст? Гуфтам, бисёр бад аст, чунки мехостам нишон диҳам, ки ман метавонам иттифоқчии онҳо шавам.

Ятимов гуфт, шумо бояд тарафдоронатонро ба Тоҷикистон даъват кунед ва баргардонед.

Дуюм, шумо бояд Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушд”-ро баъди баргаштани бачаҳо барҳам медиҳед ва аз узвияти Паймони миллӣ берун меоед.

Сеюм, аъзои “Гуруҳи 24”, ки баргаштагианд, шумо ин гуруҳро роҳбарӣ мекунед ва дар интихоботи соли 2020 аз номзадии Рустами Эмомалӣ тарафдорӣ мекунед. Интиқод намекунед ва ончӣ ки мо бароятон мегӯем, ҳамонро иҷро мекунед.

Ятимов гуфт, мо ин амалиётро “Ватан” ном гузоштем.

Рӯзи 21 феврал аз ман забонхат гирифтанд, ки ман ин амалиётро дар ягонҷо ошкор намекунам, муборизаи беамон мебараму чанд чизҳои дигар, ва дар сурати ошкор кардан, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавам.

Яке аз бандҳои ин нақша, ки дар ёдам ҳаст, изҳороти 17 узви “Гуруҳи 24” бояд аз Додгоҳи олӣ дархост мекарданд, ки “Гуруҳи 24” аз рӯйхатти гуруҳҳои ифротӣ берун карда шавад. Ин яке аз бахшҳои амалиёти “Ватан” буд.

Видеоҳое, ки рӯзҳои 19 ва 20 феврал дар хонаи мо дар Фархор мегирифтанд, онҷо ҳам 5 нафар аз мақомот, аз ҷумла полковник Қӯшибой, капитан Дилшод қарор доштанд, ки ман дар иҳотаи онҳо ва дар беруни хона нафарони “Алфа” истода буданд. Онҳоро кормандони амният ва милисаи Фархор ҳамроҳӣ мекарданд.

Вақте ки рӯзи 20 феврал видеои аз пеш сабткардаи ман аз ҷониби Паймони миллӣ нашр шуд, аз Душанбе ба полковник Қӯшибой занг заданд, ки ҳарчӣ зудтар оши худоиро анҷом дода, то бегоҳ дар Душанбе шавед.

Шабошаб мо Душанбе омадем ва маро ба бӯстонсарои КДАМ бурданд. Субҳ генерал-майор Бекназаров омад ва пурсид, ки ин видео боз идома дорад? Чунки Паймони миллӣ видеоро “қисми аввал” гуфта нашр карда буд.

Ман гуфтам, ки бале, се видео дорам. Ҳамчунин 20 видеои дигар дорам, ки дар дасти Кабирӣ ҳаст ва агар бо ман чизе шавад, он ҳама нашр хоҳанд шуд.

Баъди ягон ду соат гуфтанд, ки Ятимов мехоҳад бо шумо вохӯрад.

Ятимов гуфт, чаро нагуфтӣ, ки чунин видео дорӣ? Гуфтам, ба кормандонатон гуфта будам, чаро нарасонданд?

Сипас гуфтанд, ки мехоҳӣ ки мо шуморо ба ягон вазифаи роҳбарикунанда таъйин кунем?

Ман фаҳмидам, ки ин барои тоза кардани пайи дуздии ман аст. Ман ба ин розӣ нашудам ва гуфтам, намехоҳам дар вазифаи давлатӣ кор кунам, ба тиҷорат машғул мешавам.

Ятимов гуфт, ман аз пеши президент омадам, президент ваъда карданд, ки ин бача агар самимона ба гуфтаҳои мо амал кунад, мо омодаем ба ӯ 2 миллион доллар диҳем. Яъне аз ҳамон пулҳое, ки аз мо ғасб карда буданд, 2 миллионашро бармегардонем ва бо ҳамин ҳисоби мову шумо тамому дар ҳамин Ватан кор кунеду гардед.

Ятимов гуфт, амнияти шумо пурра таъмин мешавад.

Рӯзи 22 феврал маро ба як тарабхона оварданд. Дар он тарабхона Меҳрубон Сатторов ва Файзуллоҷон Сафаров қарор доштанд ва дар атроф нафарони пулис ва амният меистоданд. Вақте ки ман намехостам бо онҳо акс бигирам, вале маҷбур мекарданд, ки акс гирам.

Ҳамон рӯз маро аз он бӯстонсарои Зимчурӯд ба як хонаи якҳуҷрагӣ дар кӯчаи М.Қурбонов дар як биное ки рақам надошт, вале рақами манзили ҳамсояаш 22 буд, оварданд ва дигар онҷо нигоҳ медоштанд. Инҷо низ кормандони мақомот ва “Алфа” нигоҳ мекарданд.

Бекназаров рӯзи 24-ум гуфт, ки барои онки бовар кунӣ, мо вохӯрии шуморо бо Рустами Эмомалӣ ташкил мекунем. Мегуфт, роҳбари ояндаи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аст, метавонад амнияти шуморо кафолат диҳад. Вале ман рад кардам ва гуфтам, ки ба ҳарфи шумо ва Ятимов бовар мекунам ва дигар ҳеҷ вохӯрие лозим нест.

Вақте диданд, ки дигар пеши роҳи эътирозҳоро гирифта намешавад, рӯзи 28 феврал президент Эмомалӣ Раҳмон қарор қабул кард, ки ман метавонам биравам.

Пеш аз ин Ятимов ва Бекназаров бо ман суҳбат доштанд дар ин бора ва онҳо бовар доштанд, ки барои ваъдаи 2 миллион доллар ва тиҷорат дар Тоҷикистон ман боз бармегардам ва бо кафолати Ятимов Раҳмонов ин қарорро қабул кард.

Ҳамон рӯз мо хонаи Сулаймон рафтем ва ман аз тариқи Сулаймон эълон кардам, ки ман меоям. Рӯзи ҷумъа, 1 март билетамро оварда, доданд. Ман ҳамроҳи кормандони амният рафта бо модарам хайрухуш кардам ва шаби 2 март бо парвози Душанбе – Франкфурт ман ба Аврупо парвоз кардам.

Ба дасти ман ҳатто як матнро ба се забон омода карда буданд, ки ман бояд баъди бозгаштам бо як видео дар Фейсбук мегузоштам ва мегуфтам, ки ман ба Аврупо баргаштам ва баъди анҷоми корҳоям боз ба Тоҷикистон бармегардам. Ҳамчунин аз президенти Тоҷикистон барои афв кардани ман изҳори ташаккур мекардам.

Ҳадафи ин ҳама як чӣ буд, ки дуздиашон ошкор нашавад.

Аз ман бисёр хоҳиш карданд, ки бо ягон журналист дар ин бора суҳбат накунам.

Шарофиддин Гадоев дар поёни суҳбаташ куртаашро нишон дод, ки дар он нишонаҳои хун боқӣ мондаанд. Ӯ гуфт, курткааш низ олудаи хун буд, вале онро шуста, куртаро фаромӯш кардаанд ва вай ин куртаи хунолудро ҳамроҳи худ ба Аврупо овард.

Мақомоти Тоҷикистон баёнияҳои Шарофиддин Гадоев баъди баргаштанаш ба Аврупоро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад