Муттаҳам шудан ба ихтилофафканӣ миёни аъзои ҳизби ҳокими Қирғизистон

Ирина Карамушкина, намояндаи Ҳизби сотсиал-демократ дар парлумони Қирғизистон рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба афзоиши ихтилофот дар ҳизб, миёни аъзои Ҳизби сотсиал- демократ гуфт, раисиҷумҳури Қирғизистон аз ин буҳрон иттилоъ дорад ва аз ташдиди даргириҳо суд мебарад.

Вай афзуд, давлати феълӣ аъзои Ҳизби сотсиал-демократро амдан ба самти даргирӣ бо якдигар мекашонад ва ҳадафи аслии вай, ҳазфи Аламосбек Отамбоев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон аз арсаи сиёсӣ аст, аммо мардум бо ин иқдом ҳамроҳӣ намекунанд.

Аламосбек Отамбоев дар соли 2017 Сооронбой Жээнбековро ба унвони номзади ин ҳизб барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ муаррифӣ кард, аммо Жээнбеков пас аз муддате таҳти шиорҳои мубориза бо фасоди нерӯҳои Отамбоев аз ҷумла Сафар Исҳоқов, нахуствазири собиқро боздошт кард.

Ҳамакнун Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон ба ду гурӯҳ аз ҷумла ҳимояткунандагони Отамбоев ва ҳимояткунандагони Жээнбеков тақсим шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад