Идомаи ҷиноёти режими Оли Сауд дар ҳамла ба Яман

Дар ҳамлаи тӯпхонаии имрӯзи панҷшанбеи мутаҷовизони Саудӣ ба шаҳристони Розиҳи устони марзии Саъда, як ғайринизомӣ кушта шуд ва ду нафар захмӣ шуданд.

Режими мутаҷовизи Саудӣ рӯзи чаҳоршанбе низ бо рокет ва тӯпхона шаҳристони марзии Розиҳро ҳадаф қарор дод.

Дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбеи мутаҷовизони Саудӣ ба шаҳристони марзии Шудо низ ду нафар захмӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои яманӣ низ эълом карданд, таҷаммӯи муздурони эътилофи Саудӣ дар устони Ҷизон (ҷанубу ғарби Арабистон) ҳадафи ҳамлаи ягони паҳподи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман қарор гирифт, ки дар ин ҳамалот, шуморе аз муздурони Саудӣ ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад