Ташдиди ихтилоф байни подшоҳ ва валиъаҳди саъудӣ

Рӯзномаи Гордиян ба нақл аз манобеъи мутталиъ дар Арабистон, аз нишонаҳои физояндаи бурузи ихтилофи шадид байни Малик Салмон бо писар ва валиъаҳдаш Муҳаммад хабар дод.

Ин рӯзнома навишт, ихтилоф байни шоҳ ва валиъаҳди саъудӣ моҳи гузашта дар замони сафари шоҳи Арабистон ба Миср ташдид шуд ва Малик Салмон ҳушдорҳое аз сӯи мушовирони худ дар бораи эҳтимоли тасмими валиъаҳд барои иқдоме алайҳи ӯ иттилоъ пайдо кард.

Гордиян афзудааст, аҳкоме, ки Муҳаммад ибни Салмон дар замони сафари шоҳи саъудӣ ба Миср содир кард аз ҷумла мансуб кардани Холид ибни Салмон ба унвони муовини вазири дифоъ ва Римо бинт Бандар ибни Султон ба унвони сафири Арабистон дар Вашингтон бидуни иттилои Малик Салмон сурат гирифт ва ӯ дар замони ҳузури худ дар Миср аз расонаҳо аз судури ин аҳком иттилоъ пайдо кард ва хашмгин шуд.

Гордиян навиштааст, рафтани Муҳаммад ибни Салмон валиъаҳди саъудӣ ба руи пушти боми Каъба дар моҳи гузашта ҳам мавҷи хашм ва эътирози шуморе аз олимони саъудиро барангехт ва онҳо ба Малик Салмон эълом карданд ин рафтор ношоист будааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад