Тамдиди таҳримҳои зидди Русия

Ба нақл аз Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Кохи сафед, дар робита ба вазъи Украина бори нахуст зидди Русия 6 марти соли 2014 таҳрим ҷорӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, ба эъломи таҳримҳо амалу сиёсатҳои ҳукумати Русия сабаб шуданд, ки ба раванд ва институтҳои демократии Украина осеб расонда, ба сулҳу субот, амният, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии он кишвар таҳдид мекунанд.

Зикр мегардад, ки дертар таҳримҳо афзоиш дода шуданд. Аз ҷумла моҳи декабри соли 2014 таҳримҳо ба далели ишғол шудани Қрим аз сӯи Русия афзоиш ёфтанд.

Маълумоти дарҷёфта дар иттилоияи Трамп чунин оварда шудааст: “Амалу сиёсатҳои дар фармон дарҷшуда ҳануз ҳам таҳдидҳои ғайриодиеро ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ИМА дар пай доранд. Бинобар ин, таҳримҳои соли 2014 эъломшуда пас аз 6 марти соли 2019 низ бояд амал кунанд”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад