Баёнияи ПМТ ба муносибати “солгарди шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов”

Ба гузориши Тоҷик Пресс, Паймони Миллии Тоҷикистон, ки эътилофи чанд гурӯҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон мебошад бо таваҷҷӯҳ ба фарорасии 5-умин соли террори Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов, роҳбари фақиди Гурӯҳи 24, баёнияе мунташир карда, ки ба шарҳи зайл аст:

Чаҳор сол қабл дар 5 марти соли 2015 яке аз муборизони хастагинопазири Тоҷикистон ва асосгузори “Гурӯҳи 24”, Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов тавассути муздурони мақомоти амниятии ҳукумати Тоҷикистон мазлумона ба шаҳодат расид.

Шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов касе буд, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҳазорон ҷавонро дар атрофи худ гирд оварад ва дар онҳо ангеза эҷод намояд ва шӯълаи умеде барои тағйири вазъи нобасомони кишвар падид оварад. Бешак номи ӯ дар таърихи муосири Тоҷикистон ба унвони як қаҳрамони миллӣ сабт хоҳад гардид.

Паймони Миллии Тоҷикистон, зимни таманнои сабру бурдборӣ барои наздикон ва бастагони ӯ ба хусус ҳамсари гиромияш бону Қумринисо Ҷабборова дар баробари мусибати аз даст додани ин фарзонаи миллат, эълом медорад, ки шӯълае, ки Ҳоҷӣ Умаралӣ равшан кард ҳаргиз хомӯш нахоҳад шуд ва роҳеро, ки ӯ паймуд мутаваққиф нахоҳад гардид ва қатъан ҷавонони барӯманди Тоҷикистон он роҳро идома хоҳанд дод.

Паймони Миллии Тоҷикистон
5 марти 2019

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад