Амрико аз кишварҳои ҳамроҳ бо Эрон боҷгирӣ мекунад

Михаил Улиянов рафтори давлати Амрико дар тарсондани кишварҳое, ки бо Эрон ҳамкорӣ мекунандро маҳкум кард ва гуфт, Вашингтон баъд аз хуруҷ аз БАРҶОМ шуруъ ба боҷгирии иқтисодӣ аз кишварҳое кардааст, ки дар ҳоли ҳамкорӣ бо Эрон ҳастанд.

Улиянов афзуд дар натиҷаи иқдомоти Амрико тамомияти БАРҶОМ тазъиф ва тавозун миён бандҳои ҳастаӣ ва иқтисодии он бар ҳам хурдааст.

Намояндаи доими Русия дар ожонси байналмиллалии энержии атомӣ таъкид кард хасоратҳои сангине ба мафодди иқтисодии тавофуқи БАРҶОМ ворид шуда дар ҳоле, ки мафодди ҳастаии он бар сурати муъассир иҷро мешаванд.

Давлати Амрико аз нахустин рӯзҳои иҷроишудани тавофуқи ҳастаии мавсум ба БАРҶОМ (16 январи 2016), коршиканиҳо дар иҷрои он ва талош барои костан аз мазиятҳои иқтисодии Эрон аз БАРҶОМро оғоз кард.

Бо руи кор омадани “Доналд Трамп” дар Амрико ин коршиканиҳо шиддат гирифт ва ӯ борҳо таҳдид кард кишварашро аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ хоҳад кард.

Трамп саранҷом сешанбе 8-уми майи 2018 ба таври якҷониба бо поймолсозии Вашингтон кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад